Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

дастниҳолаш ҳамсӯҳбат мешуд. Гӯё ӯ аз рози дилу дунёи ноороми дарахти пиру андешаманд огоҳӣ дошт.

  • Ҳа, зери лаб гуфт акаи Маҳкам, шумо низ мисли одамон ба худ таъриху сарнавишт доред, шумо низ аз барору нобарориҳо ғам мехӯред. Ҳар гоҳе нохалафе шоҳу панҷаи шуморо шиканад ё табарбадасте танатро захмин созад, нолаву фиғон месозед. Аммо дар ин гӯшаи ороми табиат магар он беинсоф ин оҳи пурсӯзи шуморо мешунавад? Ҳаргиз не...

Акаи Маҳкам дар рӯ ба рӯяш бо арчаи кӯҳӣ рози дил дошт. Ӯ ба хотир овард, ки панҷ сол пеш ин ниҳолро аз бешазори дараи Ромит оварда буд. Ана, акнун арчаи нозанин хеле қад кашидаву зебо, дилоро шудааст. Маҳкам Ҷӯраев бо қатори дастниҳолонаш хайрухуш карда, тарафи дарунтари хоҷагии ҷангал ва боғи маданиву истироҳатии «Ғалаба» даромад. Ҳамаи мавзеъ, боғу гулгаштҳоро хабар гирифт.

Ҳар субҳ ӯ ана, ҳамин хел дар боғот қадам мезанад. Гоҳи роҳ гаштан қафаси синаашро аз ҳавои тоза пур карда, нафаси дуру дароз мекашад. Худашро боз хушбахту батолеъ мебинад. Аз тақдираш меболад, ки нисфи умри азизашро сарфи роҳи ҳифзи ҷангал, набототу муҳити зист намудааст.

Маҳкам Ҷӯраев хост, аз беша баргашта рост

пешина
аз 82
навбатӣ