Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Хаёле манзилу хона барояш якест, яъне доим дар ҳалқаи ниҳолони сарсабзу табиат аст. Ҳоло ӯ фориғ аз андеҳаҳо шуда берун баромад. Дар ҳавлӣ гӯшае набераҳояш даву ғаҷ доштанд ва паҳлӯтар ҳамсараш Рӯзимоҳ дар танӯр нон мепухт. Бӯи иштиҳоовари нони гарм ба машом расида, ба ҳавои тозаи нисфирӯзӣ, ки аз ҷониби ҷангал мевазид ҳамроҳ шуд.

Акаи Маҳкамро ин манзара шоду хурсанд кард. Ба кору бори нонпазҳо нигарист. Аҷаб манзараи зебое.

Як тараф нонпазӣ, ҷонибе даву този кӯдакон. Ин ҳама шукӯҳу шаҳоматро боз хониши паррандагон ҳусну бахшид. Дар зери хониши паррандаҳо, чириқ-чирики мусичаҳои шоҳу навдаи ниҳолон акаи Маҳкам роҳат дошт, аммо фикру хаёлаш ҳамоно ба гузашта банд буд.

Дирӯз бегоҳӣ акаи Маҳкам натиҷаҳои истеҳсолии хоҷагиро санҷида ба ҳайрат омад. Фикр кард, ки чӣ хел солҳои пештар одамон бе техникаи муҷаҳҳазу шароити қулай ҳосили дилхоҳ, балки баланд ба каф меоварданд. Ҳатто худи падари ман, мегӯяд акаи Маҳкам соле набуд, ки аз иҷрои нақша набарояд, боз дар шароити кӯҳистони Айнӣ. Ҳар гоҳе, ки айёми истироҳат акаи Маҳкам аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш деҳаи Қум меояд, аввал хешовандонашро хабар гирифта баъд сари манзили падару модар меравад. Сари

пешина
аз 82
навбатӣ