Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дода шуда, аз рӯи он амал менамуданд. Инро созишномаҳои байнидавлатӣ меномиданд. Раисони шӯроҳои вазирон ҷамъ шуда, қарор қабул менамуданд ва ба як хулоса меомаданд, ки фалонӣ давлат ин қадар маводи сӯхт ва дигар чизҳоро ба ин давлат ёрӣ мерасонад, ин давлат бошад, дар навбати худ фалон қадар обро ба давлатҳои поёноб сар медиҳад, ин ҳамеша дар мувофиқа мешавад ва ҳамин тавр низ буд, барои ҳамин мо дар замони шӯравӣ танкисии обу камбудии барқ, маводи сӯхтро ҳис намекардем. Дар он замон мушкилоти маводи сӯхт ҳеҷ вуҷуд надошт.


  • Дар сохтмони неругоҳи Роғун эъмори садди муҳофизатии сойи Оби Шӯр аз ҷумлаи корҳои муҳим ҳисоб меёфт. Сойи Оби Шӯр дар минтақаи як километр дуртар аз сарбанд ва баромадгоҳи нақбҳои сохмонӣ воқеъ буда, ҳангоми омадани седобҳо хатарҳои зиёде оварда метавонист. Ин сой даҳ километри тӯли ҳавзаи ҷамъ овардани об дорад ва он дар муддати кӯтоҳ аз селоба мамлӯъ мегардад. Агар мо саҳлангорӣ мекардему садди муҳофизатии сойи Оби Шӯрро ба ҳамин дараҷаи даркорӣ намебардоштем, ҳисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ медодем. Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар оғоз ба давом додани сохтмони садди сойи Оби Шӯр мухолиф буданд. Вале мо дар ҷаласаҳои тахассусӣ ва видеоконфронсҳо исбот кардем, ки сохтмони он ҳатмӣ ва ногузир аст. Ба ин ваҷҳ бунёди садди сойи Оби Шӯр яке аз иншооти асосӣ буд. Дар дигар мавзеъҳо низ корҳои муҳофизату таҳкимбахшӣ анҷом ёфтанд.

Дарёи Вахш ба обанбори бузург эҳтиёҷ дорад. Агар он ҳамин тавр ҷорӣ шаваду обанбори муҳташамеро насозем, баъди 15-20 сол Норакро аз даст медиҳем. Аллакай чиҳил фоизи масоҳати муфиди обанбори Норак аз русубот пур шудааст, яъне ин қисмат аз даст рафтааст. Дар айни замон

пешина
аз 216
навбатӣ