Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Яъне, ки рўзи кор кунун аст, кор кун,
К-ин рўз чун гузашт, дигар нест рўзи кор.
Ибни Ямин
Кор карда намешавад ба сухан…
Ибни Ямин
Ҳар киро аз пайи кори дигаре сохтаанд…
Ибни Ямин
Ба роҳате нарасид, он ки заҳмате накашид.
Ҳофизи Шерозӣ
Фаровон шуғлҳоро андаке кун,
Зи олам рўи шуғл андар яке кун!
Агар бошад шаби торик, агар рўз,
Ба ҳар вақте ки бошад, дил дар ў дўз!
Вагар н-ояд туро ин давлат аз даст,
Нашояд ори бекорӣ ба худ баст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Марди косиб, к-аз машаққат мекунад кафро дурушт,
Баҳри ноҳамвории нафси дағал сўҳонгар аст.
Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила,
Вақти он кас хуш, ки роҳатёфта з-ин соғар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Чу дидӣ кор, рў дар коргар ор,
Қиёси коргар аз кор бардор.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Зи кори хом кас суде надорад,
Чу ҳалво хом бошад, иллат орад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Оре, ҳар кас барои корест,
Ҳар шер сазои марғзорест.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё