Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чун шавад ёр бо ту ҷангандеш,
Ҷуз ҷудоӣ магир бо вай пеш.
Ҷид макун дар хусумати бисёр,
Андаке рўи оштӣ бигзор.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Бувад майдони мардӣ сулҳхоҳӣ,
Ба сидқи ин диҳад дунё гувоҳӣ.
Набошад ҷанг ҷуз нангу табоҳӣ,
Ту з-ин роҳи хато доман фурў чин.
Абулқосим Лоҳутӣ
Сулҳ дар ҳама дунё лашкар дорад,
Ҷанг ба ҳама дунё хатар дорад.
Абулқосим Лоҳутӣ
Сулҳро бахшад зафар
Рамзи ҳамдастии башар.
Абулқосим Лоҳутӣ
Кунад оқил андар раҳи сулҳ сайр,
Ту ин роҳ мерав, ки ассулҳу хайр!
То сулҳ тавон кард, дари ҷанг макўб!
Оташ чу барафрўхт, бисўзад тару хушк.
Сулҳи душман ба вақти ҳоҷат зарур аст.
III. ХИСЛАТҲОИ НЕКИ ИНСОНӢ
1.НЕКӢ
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ў нигарӣ!
Ҳамчу дарёст в-аз накўкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Некбахт он, ки ў бидоду бихўрд,
Шўрбахт он, ки ў нахўрду надод.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Ба некӣ шавад чашм равшан туро,
Зи ҳар бад бувад нек ҷавшан туро.
Абўшакури Балхӣ
Агар нек бошӣ, бимонад-т ном,
Ба тахти кайӣ-бар бувӣ шодком.
Ва гар бад кунӣ, ҷуз бадӣ надравӣ,
Шабе дар ҷаҳон шодмон нағнавӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кўшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Ҳама хок доранд болину хишт,
Хунук он, ки ҷуз тухми некӣ накишт!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба некӣ гарою маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё