Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Тавонгар худ он луқма чун мехурад,
Чу бинад, ки дарвеш хун мехурад.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар кас, ки ба зулм кардан омўхта шуд,
Аз новаки мазлум дилаш дўхта шуд.
Парвона, ки зад ба шамъ, афрўхта шуд,
Бар сўхтагон ҳар ки бизад, сўхта шуд.
Хусрави Деҳлавӣ
Аз паи зулм он ки сабўҳӣ кунад,
Нури нишоташ чу шаби тор беҳ.
Шарбати нўше, ки ба золим диҳад,
Хуни ҳамон золими хунхор беҳ.
Хусрави Деҳлавӣ
Зулм торику дилсияҳ кунадат.
Рукниддини Авҳадӣ
Бо аҳли ҷафо вафо раво нест,
Подоши ҷафо ба ҷуз ҷафо нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Золиму одил на яксонанд дар таъмири мулк,
Хук дигар дар шиёри мулку деҳқон дигар аст.
Алишер Навоӣ
Нўше, ки ҳавас мекунӣ аз суфраи золим,
Нешест, ки аз хонаи занбўр барояд.
Сайидои Насафӣ
Аз золимон маҷўй зи беқувватӣ мадад,
Кай оби теша тарбияти хору хас кунад?!
Сайидои Насафӣ
Аз зулм барои хеш маншур магир,
Худро бар аҷзтинатон зўр магир,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё