Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шоистан--сазовор будан, лоиқу муносиб будан.
Шотир--чуст, чолок, бебок.
Шукўҳ--ҳашамат, бузургӣ, шавкат, ҷоҳу ҷалол, тавоноӣ.
Шумар—шумор, ҳисоб.
Шурб--нўшидан, ошомидан.
Шуҳра--машҳур, номдор, номвар.
Шуҳраи офоқ--дар олам машҳур.

Э
Эйдун--инчунин, ин тариқ; ҳоло, акнун.
Эйманӣ--амну амонӣ, бехатарӣ, ҳимоят.
Эмин--дар амон, солим, бехатар.
Эҷ--ҳеч.
Эътидол--муносиб шудан, рост гардидан.
Эътироф--иқрор.
Эҳсон--некўӣ, марҳамат, хайр, карам, мардӣ, меҳрубонӣ.
Эҳтироз--парҳез, эҳтиёт.

Я
Яксон--якхел, ҳамранг, монанд.
Ямин--рост.
Ясор--чап.
Яғмо--тохт, тороҷ, ғорат.

Ғ
Ғаввос--касе, ки барои гирифтани марворид ба дарё фурў меравад.
Ғавр--амиқ, чуқур, жарф.
Ғаддор--бисёр бевафо; бомакру ҳила.
Ғадур--бевафо.
Ғаливож/ғаливоҷ--калхот, мушгир.
Ғал(л)--бадхоҳӣ, адоват, душманӣ, рашк, бадандешӣ.
Ғамгусор--дафъкунандаи ғаму андўҳ, ёри азиз, мўнис.
Ғамкада--ҷои ғаму андўҳ, мотамкада.
Ғаммоз--суханчин; таъназананда.
Ғаромат--товон.
Ғарра--мағрур, худбин, мутакаббир.
Ғасб--ҳар чизе, ки бо ситаму зўрӣ ба даст оварда шудааст; ситам, зулм, ноҳақӣ.
Ғилмон—амрад; хизматгори биҳишт (ба сурати амрад).

пешина
аз 331
навбатӣ