Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Камол--интиқом, такмил, интиҳо; фазл, илм, адаб; бартарӣ.
Карам--ҷавонмардӣ, мурувват, саховат.
Карим--ҷавонмард, бомурувват, меҳрубон, некандеш,
некўкор, азиз.
Каромат--саховат, ҷавонмардӣ; сарфарозӣ, арҷмандӣ;
эҳтиром.
Карон--тараф, канор; бекарон--бепоён; беандоза, бениҳоят.
Касир--зиёд, бисёр.
Кафоф / кифоф--миқдори кофӣ, ба қадри лозим.
Кемухт--пўст, чарм.
Кеҳтар--хурдтар.
Кибр--такаббур, худбинӣ, ғурур.
Кисвати ҷон--зиндагии баргардондашуда, зиндашуда.
Козиб—дурўғгўй, каззоб.
Козургарӣ—ҷомашўйӣ, либосшўйӣ.
Колбуд / колбад--тану бадани одам ва ҳайвон; қолаби ҳар
чиз; шакл, ҳайкал, сурат.
Ком--орзу, хоҳиш, мурод, мақсад, кўшиш.
Комгорӣ--саодат, некбахтӣ, тавоноӣ, забардастӣ.
Комил--дуруст, тамом, саҳеҳ, пур, саросар; фозил, олим, доно.
Корзор--ҷанг, набард, ҳарб; майдони ҷанг.
Костан-- коҳидан.
Костӣ--нуқсон, зиён.
Кох-- қаср, иморати баланд.
Кўҳсабот--мустаҳкам, пойдор.

Л
Лавзина--ҳалвое, ки бо кўфтаи мағзу асал ё шакар тайёр мекунанд.
Лаим--бахил, нокас.
Ламъа--як бор дурахшидан, рўшноии андак.
Лаол--ҷамъи лаъл.
Латофат--нозукӣ, борикӣ, зарофат; зебоӣ, хуштабъӣ,
хушгўйӣ.
Лағв--беҳудагӣ, сухани беҳуда, ботил.
Лоғуб--ранҷ, тааб.
Лаҳву лааб--бозӣ, айшу ишрат.
Лаҷуҷ—ситезакунанда; хашм, қаҳр.
Лобуд--ночор, ногузир.
Лошай--ночиз, беҳуда, беқадр.

пешина
аз 331
навбатӣ