Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Варзидан--зироат кардан; одат намудан, кўшидан, ҷаҳд кардан.
Варта--замин, маҳалли бероҳ, ҷои хатарнок, гирдоб, ҷараён.
Вақоҳат--бешармӣ, беадабӣ, густохӣ.
Век--афсўс, вой.
Ваҷеҳ—зебо, хушгил, маҳбуб.
Вижа--содиқ, рост, пок; хосса.
Вифқ--соз, мувофиқ.
Виқор--тамкин, субот.
Воиз--панддиҳанда.
Воло--сарафроз дар мартабаю дараҷа ва низ дар ақлу фаросат; бошукўҳ, тавоно.
Вом--қарз, ория.
Ворасидан--расидан, дарёфтан, огоҳ шудан.
Восил--расанда, мулоқоткунанда.
Вофӣ--вафокунанда, бовафо.
Воқиф--бохабар, огоҳ.
Воҷиб--лозим, ногузир, ҳатмӣ; сазовор, муносиб.
Вуҳуш--ҷонварони даштӣ, ваҳшӣ.

Г
Габр--оташпараст.
Гавожа /гувожа--ришханд, тамасхур, базла, шўхӣ, мазоҳ.
Гавҳарогин--ҳар чизи ҷавоҳирнишон; пурқимат, азиз.
Газанд-- зиён, осеб.
Газоф /гизоф-- ҳарза, бефоида, абас; бисёр, фаровон.
Гар--ё.
Гартин--касалии хоришдор.
Гардан афрохтан--худнамоӣ кардан, истодагӣ намудан.
Гарданфарозӣ--сарфарозӣ.
Гардун--чарх, осмон, фалак, рўзгор.
Гароидан /гироидан -- майл доштан, муҳаббат доштан, озмоиш кардан, озмудан; ирода намудан, ҷаҳд кардан, ҳамла бурдан.
Гетӣ--дунё, ҷаҳон, рўзгор.
Гирам--қАбул кардам , пазируфтам, фарз кардам.
Гаронмоя--ҳар чизи нафис, қиматбаҳо, наҷиб, пок.
Гоз--миқроз, қайчӣ, анбўр.
Гом--қадам, газ; гом задан--роҳ рафтан.
Гувоз--чўбдаст.
Гузидан--интихоб кардан, баргузидан.

пешина
аз 331
навбатӣ