Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хушо чоҳе, ки об аз худ барорад!


Бо гуфтани «оташ» забон намесўзад.


Дар зарфи холӣ садо зиёд мепечад.


Н-ояд зи дили шикаста паймони дуруст.


Дар масал муноқаша нест.


Афсурдадил афсурда кунад анҷуманеро.


Агар ҳавас аст, ҳамин қадар бас аст.


Аз гуфтан то кардан аз замин то осмон аст.


Ҳар хўрданӣ пасдоданӣ дорад.
ШАРҲИ ЛУҒОТ

А
Абадуддаҳр–ҳамеша, то будани ҳаёт; ҳеҷ, ҳаргиз.
Абе–бе.
Авқот–ҷамъи вақт
Адам– гўр, қабр.
Адас–навъе аз ғалла; наск.
Адоват–душманӣ, бадхоҳӣ.
Адў–душман, бадхоҳ.
Азфар–хушбўтар.
Азҳан–зеҳн, ақл.
Ақл–ғизо.
«Ал-китобу хайрул ҷалис»–китоб--ҳамнишини хуб.
Аладдавом–доимӣ, доиман; ҳамеша, пайваста.
Амвол–ҷамъи мол.
Амн–осудагӣ, бехатарӣ, бетарсу бим, роҳат, осоиш.
Амроз–бемориҳо, нохушиҳо.
Анбоз–шарик, рафиқ, ҳамто.
Анбон–кисаи чармин.
Ангехтан–аз ҷой ҷунбондан, шўрондан, хезондан.
Ангубин / ангабин–шаҳд, асал.
Андудан–андова кардан.
Ар–агар.
Араз–тасодуфӣ, шакли берунӣ.
Арҷ– арзиш, баҳо, қадр, қимат.
Ато–чизе, ки бахшида шавад, диҳиш, туҳфа.
Ашхос–ҷамъи шахс.
Афгор–озурда, хаста.
Афкандан–чизеро аз боло партофтан; аз шумора берун кардан, дур андохтан.
Афроштан /афрохтан--бардоштан, баланд гардонидан.
Афрўхтан–равшан кардани оташ, чароғ; баланд кардани
оташ, сўзондан.
Афсар–тоҷ.
Афъол–корҳо, кирдорҳо, амалҳо.
Ахтар–ситора; фол, бахт, толеъ.
Ахӣ–бародар, бародари ман.
Ашғол–шуғлҳо, машғулият.
Аъдо–душманон, адувон.

пешина
аз 331
навбатӣ