Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Барқ бош, ки бидурахшонӣ ва бисўзонӣ, на шамъ, ки барфурўзӣ ва худро бикоҳӣ.
То, ки аз худ нагзарӣ, аз дигарон натвон гузашт.
Эй, ки мекўшӣ зеботар аз ҳама бошӣ, чаро намекушӣ, ки донотар аз ҳама бишавӣ?!
Зебоӣ ҳақиқат асту ҳақиқат зебоӣ.
Кори дидор дил дорад, на гуфтори забон.
Се чиз мўҷиби некбахтист: дили пок, дасти пок, ройи мустақим.
Қимати шакар на аз най аст, балки хосияти вай аст.
Аз сустии одамизод аст, ки гург одамхўр шудааст.
Аз гурусна пурсиданд, ки ду понздаҳ чанд аст? Гуфт:
«Як нони тамом».
Аз неъматҳои дунё чанд чиз хуштар аст?-- Якум фарзанди солеҳ, дувум– зиндагӣ аз касби ҳалол, савум – зани некирода.
Дўсту душмани худро дар се вақт озмудан метавон:
дар вақти сафар, дар вақти тангӣ ва дар вақти касалӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо