Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз қафас мурғ ба ҳар ҷо, ки равад, бўстон аст.
Соиби Табрезӣ

Чу борам орд шуд, дигар чаро дар осиё монам?
Соиби Табрезӣ

Сагро пеши юз адаб кунанд.
Соиби Табрезӣ

Монда он тирабахти дармонда
З-ин яке монда, з-он дигар ронда.
Камолиддин Биноӣ
Бигзарад он соли қаҳту монад он рўи сиёҳ.
Абдураҳмони Мушфиқӣ

Як лаҳза ғофил гаштаму сад сол роҳам дур шуд.
Малики Қумӣ

Ба зери бори миннат кай ҳунарвар мениҳад гардан,
Наҷунбад Кўҳкан, гар бар сари ў Бесутун афтад.
Сайидои Насафӣ

Аз нохуни паланг чӣ нуқсон ба пои фил?!
Тоҷи хурўсро чӣ ғам аз нўли мокиён?
Сайидои Насафӣ

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,
Дасте, ки нест масдари эҷод, бастанист.
Сайидои Насафӣ

Аз ҳакиме пурсиданд:
–Одамро чӣ чиз заруртар аст?
Гуфт:– Ақл!
Гуфтанд:–Агар аз он ноқис бошад?
Гуфт:– Адаб!
Гуфтанд:– Гар аз он бенасиб бошад?
Гуфт:– Мол!

пешина
аз 331
навбатӣ