Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ду саг бар мурдоре бо ҳам ба сар набаранд.
Саъдии Шерозӣ
Бикун ҳар он чи бишояд, на ҳар чи битавонӣ!
Саъдии Шерозӣ
Тири каҷ боиси расвоии тирандоз аст.
Саъдии Шерозӣ
Наояд аз асал, ҷони ман, захми неш.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ҷо, ки гул аст, хор аст.
Саъдии Шерозӣ
Ҳоҷати машшота нест рўи дилоромро.
Саъдии Шерозӣ
Дору ба гумон хўрдан кори хирадмандон нест.
Саъдии Шерозӣ
Ту, ки чароғ набинӣ, бо чароғ чӣ бинӣ?!
Саъдии Шерозӣ
Андўҳи дили сўхта дилсўхта донад.
Саъдии Шерозӣ
То шаб наравӣ, рўз ба ҷое нарасӣ.
Саъдии Шерозӣ
Бар фурўдастон магў дашном, агар ту бартарӣ, З-он ки ту гўӣ баланд, оҳиста ў гўяд басе.
Аз ту ҳар кас бишнавад, бад гўядат, З-ў касе чун нашнавад, ўро нагўяд бад касе.
Хусрави Деҳлавӣ
Чанд зи ёди падару ҷад барӣ?
Бад бувад он, ҳар чи на аз худ барӣ.
Хусрави Деҳлавӣ
Як шох, ки мевае диҳад тар,
Беҳтар зи ҳазор боғи бебар.
Хусрави Деҳлавӣ
Дил талаб аз мард, на андому пушт,
Боз сабук бошаду лаклак дурушт.
Хусрави Деҳлавӣ
Бар он тангрўзӣ бибояд гирист,
Ки аз бими тангӣ бувад тангзист.
Хусрави Деҳлавӣ
Чу хоҷа ба яғмо диҳад хонаро,
Чӣ чора зи тороҷ бегонаро?!
Хусрави Деҳлавӣ
Аввалин нуқта гарчи чуст бувад,
Охирин беҳтар аз нахуст бувад.
Хусрави Деҳлавӣ
Чу товусро хона шуд бўстон,
Дигар ёд н-орад зи Ҳиндустон.
Хусрави Деҳлавӣ
Сад ёр бувад ба нон, шаке нест,
Чун кор бувад ба ҷон, яке нест.
Хусрави Деҳлавӣ
Кас ба такаллуф нашавад дўстрўй,
То ба табиат нашавад дўстхўй.
Хусрави Деҳлавӣ
Фоқа беҳ, ар талх бувад мизбон,
Хуфта беҳ, ар кўр бувад посбон.
Хусрави Деҳлавӣ
Хона, к-асосаш бувад аз хишти хом,
Паст шавад аз ду-се борон тамом.
Хусрави Деҳлавӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо