Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Фориғ аст аз мадҳу таъриф Офтоб.
Ҷалолиддини Румӣ
Рустамӣ хуш оядат, ханҷар бигир!
Ҷалолиддини Румӣ
Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид.
Ҷалолиддини Румӣ
Ҳар чи осон ёфтӣ, осон диҳӣ.
Ҷалолиддини Румӣ
Оқибат ҷўянда ёбанда бувад.
Ҷалолиддини Румӣ
Гурбаи мискин агар пар доштӣ,
Тухми гунҷишк аз ҷаҳон бардоштӣ.
Ин ду шохи гов агар хар доштӣ,
Ҳеҷ касро пеши худ нагзоштӣ.
Саъдии Шерозӣ
Он ки дар роҳату танаъъум зист,
Ў чӣ донад, ки ҳоли гурсана чист?
Ҳоли дармондагон касе донад,
Ки ба аҳволи хеш дармонад.
Саъдии Шерозӣ
Дашноми ту сар ба сар шунидам,
Имкони муқовамат надидам.
Бо мисли ту карда беҳ мудоро,
То вақт бувад ҷавоби моро.
Саъдии Шерозӣ
Ба дидори мардум шудан айб нест,
Валекин на чандон, ки гўянд: «Бас!»
Агар хештанро маломат кунӣ,
Маломат набояд шунидан зи кас.
Саъдии Шерозӣ
Доманолуда агар худ ҳама ҳикмат гўяд,
Бо сухан гуфтани зебош ба-дон беҳ нашавад!
З-он ки покиза равад, гар бинишинад хомўш,
Ҳама аз сирати зебош насиҳат шунавад!
Саъдии Шерозӣ
Чу медонистӣ афтодан ба ночор,
Набоистӣ чунин боло нишастан.
Ба пои хеш рафтан беҳ набудӣ,
К-аз асп афтодану гардан шикастан?
Саъдии Шерозӣ
Гаҳ бувад, к-аз ҳакими равшанрой
Барнаёяд дуруст тадбире.
Гоҳ бошад, ки кўдаке нодон
Беғалат бар ҳадаф занад тире.
Саъдии Шерозӣ
Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ,
Пас, қимати лаълу санг яксон будӣ.
Саъдии Шерозӣ
Дарахт агар мутаҳаррик шудӣ зи ҷой ба ҷой,
На ҷаври арра кашидию на ҷафои табар.
Саъдии Шерозӣ
Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои онк
Бечора бор мебараду хор мехурад.
Саъдии Шерозӣ
То шавад ҷисми фарбиҳе лоғар,
Лоғаре мурда бошад аз сахтӣ.
Саъдии Шерозӣ
Паланг аз задан кинавартар шавад,
Ба бод оташи тез бартар шавад.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо