Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дониста беҳ бувад зи надониста.
Носири Хусрав

Фозил нашавад касе ҷуз аз фозил.
Носири Хусрав

Аз дарахтони дигарон бар чин,
В-аз паи дигарон дарахт нишон.
Масъуди Саъди Салмон

Ҳар чи аз ҳад бигзарад, ночор гардад зидди он.
Масъуди Саъди Салмон

Моҳро аз костан набувад ҳеҷ нангу ор.
Масъуди Саъди Салмон

Бо он лаби ширин чӣ диҳӣ посухи талхам?
Некў набувад посухи талх аз лаби ширин.
Абдулмалики Муиззӣ

Оби дарё аз даҳони саг куҷо гардад палид?!
Абдулмалики Муиззӣ

Офтоб арчи равшан аст, ўро
Пораи абр нопадид кунад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Дар замона зи ҳар чи ҷонавар аст,
То нашуд пухта, одамӣ батар аст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Ҳован арчанд чизҳо сояд,
Ҳам бисуда шавад, чу вақт ояд.
Абдулмаҷди Саноӣ

Ҳар ки ў баддил асту бадкирдор,
Гарчи зинда-ст, кам зи мурдор аст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Мулки адл гарчи чун бозуст,
Мулки бетеғ дасти бебозуст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Гар нахоҳӣ, ки бар ту хандад хар,
Назди гавҳаршинос бар гавҳар.
Абдулмаҷди Саноӣ

Оби ноёфта гарон бошад,
Чун биёбанд, ройгон бошад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Хирарўйӣ аз тираройӣ беҳ,
Безабонӣ зи жожхойӣ беҳ.
Абдулмаҷди Саноӣ

Банда кай гардад он, ки бошад ҳур?
Натавон кард зарфи пурро пур!
Абдулмаҷди Саноӣ

Хуфта бедор кардан осон аст,
Ғофилу мурда ҳар ду яксон аст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Ҳар куҷо кўр дидбон бошад,
Лоҷарам, гург саршубон бошад.
Абулмаҷди Саноӣ

Қимати дур на аз садаф бошад,
Тирро қимат аз ҳадаф бошад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Солҳо шуд, то чу булбул ҷумлагӣ гуфту накард, Пас, чу боз охир даме кирдори бегуфтор ку?
Абдулмаҷди Саноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ