Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Забонро дил бувад, бешак, нигаҳбон,
Сухан бе дил ба дониш гуфт натвон.
Фахриддини Гургонӣ
Чӣ мардум, ки гўё надорад забон,
Чӣ ороста пайкаре беравон?
Асадии Тўсӣ
Зи захми синон беш захми забон,
Ки ин тан кунад хаставу он равон.
Асадии Тўсӣ
Ҳамчунон чун тани мо зинда ба об асту ҳаво,
Сухани хуб дили мардумро об асту ҳавост.
Носири Хусрав
Сухан падид кунад, к-аз ману ту мардум кист,
Ки бе сухан ману ту ҳар ду нақши деворем.
Носири Хусрав
Далели ақли мард омад сухан боз,
Чу ояд дар сухан, пайдо шавад роз.
Носири Хусрав
Суханҳои накўро ёд медор
Ва з-он дар пеши худ устод медор!
Носири Хусрав
Балои одамӣ бошад забонаш,
Ки дар вай баста шуд суду зиёнаш.
Носири Хусрав
Сухани хуб хирадманд пазирад, на ҳаҷар,
Суфаҳо ҷумла зи мардум ба қиёси ҳаҷаранд.
Носири Хусрав
Қадру баҳои мард на аз ҷисми фарбеҳ аст,
Бал қадри мард аз сухану илми пурбаҳост.
Носири Хусрав
Пархош макун, сухан биёмўз,
Аз ман чӣ рамӣ, чу хар зи қасвар?!
Носири Хусрав
Мушк аст сухан, нофаи ў хотири доно,
Маънӣ бувад он мушк, ки аз нофа бароранд.
Носири Хусрав
Он ки бувад бар сухан савор, савор ўст,
Он на савор аст, к-ў бар асп савор аст.
Носири Хусрав
Тарҷамони дил аст нутқу забон,
Марзбони тан асту суду зиён.
Абдулмаҷди Саноӣ
Гўш сўйи ҳама суханҳо дор,
Он чи з-ў беҳ, даруни ҷон бингор!
Абдулмаҷди Саноӣ
Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан,
Чу зар санҷида, он гаҳ харҷ кардан.
Низомии Ганҷавӣ
Забон гўштин асту теғ оҳанин.
Низомии Ганҷавӣ
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон.
Во нагардад аз раҳ он тир, эй писар,
Банд бояд кард селеро зи сар.
Ҷалолиддини Румӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё