Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чу дар маҷлис чароғе ҳаст, агар шамъ
Бимирад, ҳамчунон равшан бувад ҷамъ.
Саъдии Шерозӣ
Чу медонӣ, ки ҷовидон намонӣ,
Раво дорӣ, ки номи бад бимонад?
Саъдии Шерозӣ
Яке карда беобрўӣ басе,
Чӣ ғам дорад аз обрўи касе?
Басо номи некўӣ панҷоҳ сол,
Ки як номи зишташ кунад поймол.
Саъдии Шерозӣ
Наёмад касе дар ҷаҳон, к-ў бимонд,
Магар он, к-аз ў номи некў бимонд.
Саъдии Шерозӣ
Номи некў гар бимонад з-одамӣ,
Беҳ, к-аз ў монад сарои зарнигор.
Саъдии Шерозӣ
Накўномро ҷоҳу ташрифу мол
Бияфзуду бадгўйро гўшмол.
Саъдии Шерозӣ
Номи накўе чу бурун шуд ба кўй,
Дарнатавонӣ, ки бибандӣ ба рўй!
Саъдии Шерозӣ
Номи неки рафтагон зоеъ макун,
То бимонад номи некат пойдор.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар он, к-ў намонд аз паяш ёдгор,
Дарахти вуҷудаш наёвард бор.
Саъдии Шерозӣ
Қорун ҳалок шуд, ки чиҳил хона ганҷ дошт,
Нўшервон намурд, ки номи накў гузошт.
Саъдии Шерозӣ
Бузурге, к-аз ў номи некў намонд,
Тавон гуфт бо аҳли дил, к-ў намонд!
Саъдии Шерозӣ
Зиндаи ҷовид монд, ҳар ки накўном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Саъдии Шерозӣ
Аз ҳосили дунё ба ҷуз ном намемонад ва бадбахт касест, ки аз ў ин ҳам намонад.
Саъдии Шерозӣ
Мурда он аст, ки номаш ба накўӣ набаранд.
Саъдии Шерозӣ
Зинда ба мурда машав, эй нотамом,
Зинда ту кун мурдаи худро ба ном!
Аз падари мурда малоф, эй ҷавон,
Гар на сагӣ, чун хушӣ аз устухон?!
Хусрави Деҳлавӣ
Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Хусрави Деҳлавӣ
Тан, ки хоҳад гузошт ҳар чи ки дошт,
Некбахт он, ки номи нек гузошт.
Хусрави Деҳлавӣ
Бар он кас бувад зиндагонӣ ҳаром,
Ки ўро намонад пас аз марг ном.
Хусрави Деҳлавӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо