Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Бихрадиро зи рози фошу ниҳон
Масале нек бар забон рафта,
К-ин чу теғест монда дар қабза,
В-он чу тирест аз камон ҷаста!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар чи ифшои он бувад душвор,
Бо ҳарифон магў ба осонӣ!
К-он чи дорӣ нуҳуфта, битвон гуфт,
В-он чи гуфтӣ, нуҳуфта натвонӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Аз сирри сарбамуҳр пушаймон нашуд касе,
Бас фошгаштасир, ки пушаймонӣ оварад.
Хомуш нишин, ки ҷамъ нишастан ба хомушӣ
Беҳтар зи гуфтание, ки парешонӣ оварад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Эй шуда маҳрами маҷолиси роз,
Рози ҳар маҷлисе амонати туст,
Макун ифшои рози маҷлиси кас,
З-он ки ифшои он хиёнати туст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба рози дил чу бикшоӣ лаби хеш,
Нахуст аз хайру шарри он бияндеш!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба ҳар парда розе бувад дилнавоз,
Ки онро надонанд ҷуз аҳли роз.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Гар забони ту роздор астӣ,
Теғро бар сарат чӣ кор астӣ?
«Калила ва Димна»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё