Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. НАНГ

Маро ҷанги душман беҳ ояд зи нанг,
Абулқосими Фирдавсӣ

Наярзад коми садсола ба як нанг,
К-аз ў бар ҷон бимонад ҷовидон занг.
Фахриддини Гургонӣ

Агар сад сол зери санг бошӣ,
Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ.
Бадриддин Ҳилолӣ

Маро куштан осонтар ояд зи нанг,
Агар бозмонам ба сахтӣ зи ҷанг.

49.МЕҲМОН ВА МЕҲМОННАВОЗӢ

Зи меҳмон чу сер омадаш мизбон,
Ба зиштӣ барад номи полизбон.
Абулқосими Фирдавсӣ

Агарчи бувад мизбон хушзабон,
Пизишкӣ на хуб ояд аз мизбон.
Асадии Тўсӣ

Чу меҳмон оядат, дилшод мебош,
Зи ҳар банду ғаме озод мебош!
Носири Хусрав

Чу серӣ наёбад ҳаме кас зи хонат,
Ҳамон беҳ, ки касро ба хонат нахонӣ.
Носири Хусрав

Бехабар бар хони кас меҳмон машав,
Меҳмонат гар расад, пинҳон машав!
То нахондандат, ба хони кас марав,
В-аз пайи мурдор чун каргас марав!
Фаридуддини Аттор

Бихур, ҳар чи пешат ниҳад мизбон,
Ҳама тан ба шукронааш шав забон!
Ва гар ҳеҷ надҳад, тақозо макун,
Хаёли талабро ба дил ҷо макун!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чу мизбон биниҳад хони макрамат, он беҳ,
Ки аз мулоҳизаи меҳмон канор кунад.
На он ки бар сари хон луқмае диҳад ўро,
Ба зери чашм бибинад, ба дил шумор кунад.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бе талаб зинҳор бар хони касе меҳмон машав,
Гавҳари беқимати санги таҳи дандон машав!
Соиби Табрезӣ

Хидмати меҳмон бувад корам,
Миннати меҳмон ба ҷон дорам.
Камолиддини Биноӣ

Меҳмон кофир аст, агар диндор,
Ман ба ину ба он надорам кор.
Камолиддини Биноӣ

Хуриш бояд аз мизбон гунагун,
На гуфтан, к-аз ин кам хўру з-он фузун.
«Гаршоспнома»

Меҳмон гарчи азиз аст, ба монанди нафас,
Танг месозад, агар ояду берун наравад.


Ҳар ки меҳмонат шавад аз хосу ом,
Пеши ў мебояд овардан таом.

пешина
аз 331
навбатӣ