Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Сабр талх аст, валекин бари ширин дорад.
Ҳар чизро ҷавҳаресту ҷавҳари ақл шикебоист.
Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста.
Калиди дари ганҷи мақсуд сабр аст.
Як сабр куну ҳазор афсўс махур!
Шуҷоати одамӣ сабр аст.
Корҳо некў шаванд, аммо ба сабр.
Сабур бош, то ба умеде расӣ.
Сабр мифтоҳи корҳо бошад.
- ҚАВЛУ АҲД
Ҳар ки зи гуфтори худ андар гузашт,
Раҳи родмардӣ зи худ дарнавашт.
Абулқосими Фирдавсӣ
Гунаҳгор гашт он, ки бишкаст аҳд,
Гузин кард ҳанзал, бияндохт шаҳд.
Абулқосими Фирдавсӣ
Бош аз қавли мухолиф барҳазар,
Пеш аз он, к-аз по дароӣ, эй писар!
Фаридуддини Аттор
Ҳар ки ў аз ҳамзабонаш шуд ҷудо,
Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво.
Ҷалолиддини Румӣ
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандию напоӣ.
Саъдии Шерозӣ
Гар зи ойину кеш баргардӣ,
Беҳ, ки аз қавли хеш баргардӣ.
Ҳар ки аз қавлаш баргардад, хар гардад.
Қавли бузургон набувад ҷуз амал.
Шарт аст, ки шартро ба поён бибаранд.
Қавли беғаразон дар ҷаҳон самар гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё