Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Зи бўю лаззати хуш меваҳоро
Шараф бошад, чунон к-аз ақл моро.
Носири Хусрав
Дарахти хирад пирӣ аст, эй бародар,
Дарахташ аён асту бораш ниҳон аст.
Носири Хусрав
Эй беҳунару хуб ба чеҳра, хирадат-ку?
Худ шарм наёядт аз ин қомати чун нож.
Носири Хусрав
Обод ба ақл гашт гардун
В-озод ба ақл гашт Луқмон.
Носири Хусрав
Ақл аст офтоби дилу адл аз ў зиёст.
Носири Хусрав
Озод шавад ба ақл банда.
Носири Хусрав
Андар ҷаҳон беҳ аз хирад омўзгор нест!
Абдулмалики Муиззӣ
Дар роҳи хирад ба ҷуз хирадро маписанд,
Чун ҳаст рафиқи нек, бадро маписанд!
Умари Хайём
Ақлро ҳар ки бо бадӣ омехт,
Лоҷарам ақл ҷасту ў овехт.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ҳар киро чашми ақл кўр бувад,
Набувад одамӣ, сутур бувад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ақл, к-он раҳнамои ҳилаи туст,
Он на ақл аст, он ақилаи туст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ақл таррору ҳилагар набувад,
Ақл дурўю ҳилавар набувад!
Абдулмаҷди Саноӣ
Киро дар хирад рой бошад баланд,
Нагўяд суханҳои носудманд.
Низомии Ганҷавӣ
Ақл дорӣ, майли бадкорӣ макун,
З-ин ки бигзаштӣ, сабуксорӣ макун!
Фаридуддини Аттор
Ғайри фаҳму ҷон, ки дар гову хар аст,
Одамиро ақл ҷони дигар аст.
Ҷалолиддини Румӣ
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Ҷалолиддини Румӣ
Ақл бояд нурдеҳ чун офтоб,
То занад теғе, ки набвад ҷуз савоб.
Ҷалолиддини Румӣ
Одамиро ақл бояд дар бадан,
В-арна ҷон дар колбад дорад ҳимор.
Саъдии Шерозӣ
Ақлу давлат қарини якдигаранд,
Ҳар киро ақл нест, давлат нест.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё