Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кунҷи сабр ихтиёри Луқмон аст,
Ҳар киро сабр нест, ҳикмат нест!
Саъдии Шерозӣ

Пас аз душворӣ осонист ночор,
Валекин одамиро сабр бояд.
Саъдии Шерозӣ

Тааммул кунӣ дар хатову савоб,
Беҳ аз жожхоёни ҳозирҷавоб.
Саъдии Шерозӣ

Рост гуфтӣ, ки фараҷ ёбӣ, агар сабр кунӣ,
Сабр нек аст касеро, ки тавоноӣ ҳаст.
Саъдии Шерозӣ

Корҳо ба сабр барояд,
Мустаъҷил ба сар дарояд.
Саъдии Шерозӣ

Кас аз сабр кардан нагардад хиҷил!
Саъдии Шерозӣ

Тааммул ба ҳангоми сафро хуш аст,
Ки сафро бурун рехтан нохуш аст.
Хусрави Деҳлавӣ

Он ҷо, ки бувад шикастагиҳо,
Сабр аст калиди бастагиҳо.
Хусрави Деҳлавӣ

Сабру зафар ҳар ду дўстони қадиманд,
Бар асари сабр навбати зафар ояд.
Ҳофизи Шерозӣ

Эй дил, сабур бошу махур ғам, ки оқибат
Ин шом субҳ гардаду ин шаб саҳар шавад.
Ҳофизи Шерозӣ
Он беҳ, ки зи сабр рух натобам,
Шояд, ки муроди дил биёбам.
Ҳофизи Шерозӣ

Гўянд: «Санг лаъл шавад дар мақоми сабр»,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Ҳофизи Шерозӣ

Сабурӣ мояи фирўзӣ омад,
Қавитар пояи беҳрўзӣ омад.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Нашавад най ба ҷуз аз сабр шакар,
Нашавад санг ҷуз аз сабр гуҳар.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чу ҳилм андар омад, ғазаб гашт паст,
Ғазабро ҳамин бурдборӣ шикаст.
Сутуни хирад бурдборӣ бувад,
Сабуксар ҳамеша ба хорӣ бувад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Ҳилм сармояи камол бувад,
Сабаби иззату ҷалол бувад.

Ҳилм шодифазои ҳар хиҷил аст,
Мўмиёии ҳар шикастадил аст.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Саодат бо шикебоӣ бувад ёр,
Зи бесабрӣ ба расвоӣ кашад кор.
Касе, к-аз мева аввал ком ҷўяд,
Ҳарифи пухта ўро хом гўяд.
Бадриддин Ҳилолӣ

Ба сабр аз оби борон баҳр хезад,
Шавад абру дар ў сероб резад.
Бадриддин Ҳилолӣ

пешина
аз 331
навбатӣ