Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ки атвори неку бад гирад,
Ҳама аз ҳамнишини худ гирад.
Камолиддини Биноӣ
Гар касе ҳамдами дадон бошад,
Беҳ, ки ҳамсуҳбати бадон бошад.
Мактабии Шерозӣ
Ҳамнишине, к-ў латифу комил аст, Роҳати рўҳ асту ороми дил аст.
Ҳар ки дорад зи хислате моя, Асари он расад ба ҳамсоя.
Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ,
Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ.
Рег дар кафшу кайк дар шалвор Беҳтар аз ҳамнишини ноҳамвор.
Аспу харро, ки якҷо банданд, Агар ҳамбў нашаванд, ҳамхў шаванд.
Аспи тозӣ дар тавила гар бибандӣ пеши хар, Рангашон ҳамгун нагардад, табъашон ҳамгун шавад.
Бо дўсти солеҳ даромезу аз дўсти фосиқ бигрез, ки дўсти фосиқ туро ба сифатҳои замима далолат кунад ва дўсти солеҳ ба сифатҳои ҳамида.
Ҳар ки бо расво нишинад, оқибат расво шавад.
Нек чун бо бад нишинад, бад шавад.
Ҳар ки бо бадон нишинад, ҳаргиз некӣ набинад.
Аз хубон шарофат, аз бадон касофат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё