Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
То тавонӣ, маҷўй суҳбаташон,
На нишону на ному куняташон.
З-ин ҳарифон вафову аҳд маҷўй,
Аз дарахти кабаст шаҳд маҷўй!
Пой даркаш зи ҳамнишиниашон,
Дида бардўз, то набиниашон.
Дўстият мабод бо нодон,
Ки бувад дўстиш офати ҷон.
Абдулмаҷди Саноӣ
Аспи тозӣ ба аспи сокинраг
Гашт ҳамхў, агар нашуд ҳамтак.
Абдулмаҷди Саноӣ
Манишин бо бадон, ки суҳбати бад,
Гарчи покӣ, туро палид кунад.
Офтоб арчи равшан аст, ўро
Пораи абр нопадид кунад.
Абдулмаҷди Саноӣ
То набошӣ ҳарифи бехирадон,
Ки накўкор бад шавад зи бадон.
Абдулмаҷди Саноӣ
Бо муҳиббон бош доим ҳамнишин,
То тавонӣ, рўи аъдоро мабин!
Фаридуддини Аттор
Гар нишинад фариштае бо дев,
Ваҳшат омўзаду хиёнату рев.
Аз бадон некувӣ наёмўзӣ,
Накунад гург пўстиндўзӣ.
Саъдии Шерозӣ
Бо бадон кам нишин, ки дармонӣ,
Хўпазир аст нафси инсонӣ.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё