Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Турушрў дар паси зону нишинад,
Хуш аст ин, то касе рўяш набинад.
Бадриддин Ҳилолӣ
Як турушрў аз барои дафъи сад меҳмон бас аст.
- АНДЕША ВА ТАДБИР
Ба-дон гаҳ, ки ёбӣ танат зўрманд,
Зи беморӣ андешу дарду газанд.
Абулқосими Фирдавсӣ
Андеша кун аз мардумоне, ки бо ту ба раҳи дўстӣ раванду нимдўст бошанд.
Унсурулмаолии Кайковус
Ҳар он, к-ў ба ҳар кор бинад зи пеш,
Пушаймон нагардад зи кирдори хеш.
Асадии Тўсӣ
Ба ҳар коре, ки хоҳӣ кард мадхал,
Нигаҳ кун охири кораш ба аввал!
Носири Хусрав
Андеша макун ба корҳо-дар бисёр,
К-андешаи бисёр бипечонад кор.
Масъуди Саъди Салмон
Кас аз пешбинӣ набинад газанд.
Низомии Ганҷавӣ
Ҳар ки аввал бингарад поёни кор,
Андар охир ў нагардад шармсор.
Ҷалолиддини Румӣ
Ҳар ки поёнбинтар, ў масъудтар.
Ҷалолиддини Румӣ
Войи он, к-ў оқибатандеш нест!
Ҷалолиддини Румӣ
Илоҷи воқеа қабл аз вуқўъ бояд кард,
Дареғ суд надорад, чу рафт кор аз даст.
Саъдии Шерозӣ
Бияндешу беҳ кун, ки бихрад шавӣ,
Наяндешию бад кунӣ, бад шавӣ.
Хусрави Деҳлавӣ
Ба рози дил чу бикшоӣ лаби хеш,
Нахуст аз хайру шарри он бияндеш!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Бо ду андеша ҷамъ натвон буд,
Бар як андеша бош, то бошӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Манеҳ по ба раҳ ҷуз ба тадбиру рой!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар ҳама коре, ки дароӣ нахуст, Рахнаи берун шуданаш кун дуруст!
Аҳмади Дониш
Ҳар ки ба чашми хирад оқибати кор тавонад дид, чун ба-дон расад, андўҳгин набошад.
«Таърихи гузида»
Ба тадбир коре тавон сохтан,
Ки натвон ба теғу синон сохтан.
Ки андешаи марди нокардакор
Кунад орзуи гул аз тухми хор.
Ҳар ки аз душман набошад барҳазар,
Оқибат бинад аз ў ранҷу зарар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё