Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Нагуфта надорад касе бо ту кор,
Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр.
Ё магў, он чи менахоҳӣ кард,
Ё вафо кун бад-он чи мегўӣ!
Як забон ту дорӣ ду гўш,
Як бигў, дуто бинйўш!
Забони сурх сари сабз медиҳад барбод,
Баҳуш бош, ки сар дар сари забон накунӣ!
Дил зи пур гуфтан бимирад дар бадан,
Гарчи гуфтораш бувад дурри Адан.
Оқилонро пеша хомўшӣ бувад,
Пешаи ҷоҳил фаромўшӣ бувад.
Забони покро, ҳайф аст бисёр,
Ки аз лафзи дурўғ олуда созӣ.
Ҳар киро гуфтори вай бисёр шуд,
Дил даруни синааш бемор шуд.
Сухандонон, сухан пўшида гўед,
Ба рўи ҳамдигар санҷида гўед!
Фахр дар дониш бувад мар мардро,
Фахру дониш ҳар ду дар хомўшӣ аст.
На тўтӣ бош, ки гуфтаи дигаронро такрор кунӣ ва на
булбул бош, ки гуфтаи худро ба ҳадар диҳӣ.
Агар пушаймон бошӣ аз нагуфтан, беҳ, ки пушаймон
бошӣ аз гуфтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё