Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Пеши девор он чи гўӣ, ҳуш дор,
То набошад дар паси девор гўш.
Саъдии Шерозӣ
Чу мардум сухан гуфт бояд баҳуш,
В-агарна нишин чун баҳоим хамўш.
Ба нутқ асту ақл одамизода фош,
Чу тўтӣ сухангўи нодон мабош!
Саъдии Шерозӣ
Суханро сар аст, эй хирадманду бун,
Маёвар сухан дар миёни сахун!
Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш
Нагўяд сухан, то набинад хамўш.
Саъдии Шерозӣ
То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст,
Бояд, ки ба гуфтан даҳан аз ҳам накушоӣ!
Гар рост сухан гўию дар банд бимонӣ,
Беҳ з-он, ки дурўғат диҳад аз банд раҳоӣ.
Саъдии Шерозӣ
Фаҳми сухан чун накунад мастамеъ,
Қуввати табъ аз мутакаллим маҷўй!
Фусҳати майдони иродат биёр,
То бизанад марди сухангўй гўй!
Саъдии Шерозӣ
Чун надорӣ камолу фазл, он беҳ,
Ки забон дар даҳан нигаҳ дорӣ!
Одамиро забон фазеҳа кунад,
Ҷавзи бемағзро сабуксорӣ.
Саъдии Шерозӣ
Чӣ гўям, ки ногуфтанам беҳтар аст,
Забон дар даҳон посбони сар аст!
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё