Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Дар замона сирати ҳар кас намудори вай аст.
Сурататро чӣ кунам, бо ту набошад сират?
Сурат аз маънӣ нур гирад.
Сурат дораду сират надорад.
Сурате хубу сирате зишт аз чист?!
23.ФЕЪЛУ АТВОР, ХУЛҚУ ХЎ
Батар душмани мардро хўи бад,
К-аз ў ҷон ба ранҷ ояду колбад.
Абўшакури Балхӣ
Касе, к-аз падар кажжию хўи бад
Нагирад, аз ў бадхўӣ кай сазад?
Абулқосими Фирдавсӣ
Бузургию афзунию ростӣ
Ҳама гирад аз хўи бад костӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Беҳ аст аз рўи некў хўи некў.
Фахриддини Гургонӣ
Киро дар ҷаҳон хўи зишт ар накўст,
Ба ҳар кас гумон он барад, к-андар ўст.
Асадии Тўсӣ
Хўи ҳар кас аз тухмаш ояд ба бор,
Зи гул бўй бошад, халидан зи хор.
Асадии Тўсӣ
Хўи он ки нашносиву рои ўй,
Ниҳон розу тадбир бо вай магўй!
Асадии Тўсӣ
Хўи нек ҳамчун фариштаст пок,
Хўи бад чу дев аст бе тарсу бок.
Асадии Тўсӣ
Бадхў шавӣ зи хўи бади ёри худ, чунон-к
Ханҷар хамида гашт чу хаммида шуд ниём.
Носири Хусрав
Зи феъли шахс ҳоли шахс медон,
Ба ту шуд ҳалли ин асрори пинҳон.
Носири Хусрав
Андар дум аст каждуми бадро ҳалоки сар,
Аз феъли бад ту низ сари хешро думӣ.
Носири Хусрав
Ба хушрўию хушхўӣ дар айём,
Ҳамерав, то шавӣ хушдил саранҷом.
Носири Хусрав
Гунаҳбахшову афвандўз мебош,
Ба хушхўӣ чу равшан рўз мебош!
Носири Хусрав
Биҷў дилшон ба хулқу хубрўӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некхўӣ!
Носири Хусрав
Хўи некў туро чу шер кунад,
Хўи бад олам аз ту сер кунад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Тавсани табъи ту чу ромат шавад,
Сиккаи ихлос ба номат шавад.
Низомии Ганҷавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё