Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Касе, к-ў ҷаҳонро бувад хостгор,
Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Биёрой дилро ба дониш, ки арз
Ба дониш бувад, чун бидонӣ, биварз!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба дониш бувад мардро айманӣ,
Бибандад зи бад дасти оҳарманӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ

Касе, к-ў ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Нигаҳ кун ба ҷое, ки дониш бувад,
Зи донанда кишвар ба ромиш бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Дилат дор зинда ба фарҳангу ҳуш,
Ба бад, то тавонӣ, ба гетӣ макўш!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳар онро, ки дониш бувад тўша бурд,
Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба ҳар кор кўшо бибояд шудан,
Ба дониш ниюшо бибояд шудан.
Абулқосими Фирдавсӣ

Сухан санҷу динору ганҷе масанҷ,
Ки бар дониши мард хор аст ганҷ!
Абулқосими Фирдавсӣ
Касеро зи дониш надидем ранҷ.
Абулқосими Фирдавсӣ

Магў чизе, ки дар дониш нагунҷад,
Хирад ўро ба як ҷав барнасанҷад.
Фахриддини Гургонӣ

На сер ояд аз ганҷу дониш касе,
На кам гардад, ар з-ў бибахшӣ басе.
Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?!
Киро ганҷи дониш бувад, подшост!
Асадии Тўсӣ

Касе, к-аш равон шуд ба дониш ҷавон,
Гараш тан бимирад, намирад равон.
Асадии Тўсӣ

Чу дониш надорӣ, ба коре дарун
Набошад туро чора аз раҳнамун.
Асадии Тўсӣ

Ду мард аст марди тавонову доно,
Ҷуз ин ҳар ки бинӣ, ба мардон-ш машмар!
Тавоност бар дониши хеш доно,
На доност он, к-ў тавоност бар зар.
Ҳазорон тавон ёфт ханҷар ба дониш,
Яке илм натвон гирифтан ба ханҷар.
Ба дониш тавонӣ расид, эй бародар,
Аз ин кўи ағбар ба хуршеди ахзар.
Носири Хусрав

Аз илм сипар кун бар ҳаводис,
Аз илм қавитар сипар набошад.
Ҳар к-ў сипари илм пеш гирад,
Аз захми ҷаҳонаш зарар набошад.
Носири Хусрав

пешина
аз 331
навбатӣ