Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Миёни ду кас маънии зиракӣ
Бувад мояи иттиҳоду якӣ.
Ҳама зиракон з-он ба ҳам дўстанд,
Яке мағзро гашта сад пўстанд.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ду ҷоҳил ба ҳам муттаҳид нестанд,
Раҳи ақлро муътақид нестанд.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,
Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.
Абдулқодири Бедил

Васли инсон гули муроди ҳама,
Боиси фарқу иттиҳоди ҳама.
Абдулқодири Бедил

Аз ҳампуштии душманон андеш, на аз бисёрии эшон!
«Марзбоннома»

Чун ҷамъ шаванд панҷ ангушт,
Гарданд ба фарқи душманон мушт.
Ҳар панҷ зи ҳам ҷудо бимонад,
Ҳар тифл шикастанаш тавонад.


Агар ду ёри мувофиқ ду дил яке созанд,
Фалак ба як тани танҳо чӣ метавонад кард?


Ришта то яктост, онро зўри золе бигсалад,
Чун дуто шуд, оҷиз ояд аз гусастан Золи Зар.
3. КИТОБ, МАКТАБ, ХАТ ВА САВОД

Китоб аз даст додан сустроист,
Ки ағлаб хўи мардум бевафоист.
Саъдии Шерозӣ

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бувад бемузду миннат устоде,
Зи дониш бахшадат ҳар дам кушодӣ.
Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,
Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дур.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ
Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бикун з-ин корхона дар кутуб рўй,
Хаёли хешро деҳ бо кутуб хўй!
Зи доноён бувад ин нукта машҳур,
Ки дониш дар кутуб, доност дар гўр.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бо гўшу забон чӣ хуш бувад фаҳми китоб,
З-ин хомўши гўё, ки китоб асту китоб.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Воқеан, нест ҷуз китоб анис,
Гуфтаанд: –«Ал-китобу хайру ҷалис».
Камолиддин Биноӣ

Сари савдои кас набуд маро,
Ҷуз кутуб ҳамнафас набуд маро.
Камолиддин Биноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ