Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мардро эътибор дар ҳунар аст,
Кон гаронмоя аз паи гуҳар аст.


Касе, к-ў надорад ҳунар дар ҷавол,
Наярзад баҳои шикастасафол.


Ҳунарпеша бояд ҳунарро ошкору худро пинҳон кунад.


Ҳунар чу мушк бувад, мушк кай ниҳон гардад?!


Одамиро нисбат ба ҳунар аст, на ба падар.


Ҳунарпеша офарандаи зебоист.


Аз зарри падар ҳунар беҳ.


Ҳунар аз дониш. дониш аз хониш.


Дасти беҳунар кафчаи гадоист.

  1. ИЛМУ ДОНИШ

Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рўй бар ин ганҷ неҳ!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Донишо, чун дареғам оӣ аз он-к
Бебаҳоӣ, валек аз ту баҳост.
Бе ту аз хоста мабодам ганҷ,
Ҳамчунин зорвор бо ту равост.
Шаҳиди Балхӣ

Донишу хостаст наргису гул,
Ки ба як ҷой нашкуфанд ба ҳам.
Ҳар киро дониш аст, хоста нест,
В-он киро хостаст, дониш кам.
Шаҳиди Балхӣ

Касе, к-ў ба дониш барад рўзгор,
На ў бозмонад, на омўзгор.
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Абўшакури Балхӣ

Чу пухта шавад, талх ширин шавад,
Ба дониш сухан гавҳарогин шавад.
Абўшакури Балхӣ

Сипоҳ андаку раъю дониш фузун
Беҳ аз лашкари гушни бераҳнамун.
Абўшакури Балхӣ

Хирадманд гўяд, ки таъйиду фар
Ба дониш ба мардум расад, на ба зар.
Абўшакури Балхӣ

То бад-он расида дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки нодонам.
Абўшакури Балхӣ

Зи доно бипурсид пас додгар,
Ки: «Фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?».
Чунин дод посух бад-ў раҳнамун,
Ки: «Фарҳанг бошад зи гавҳар фузун;

пешина
аз 331
навбатӣ