Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Аё марди ҳарис, дар хушдилӣ кўш,
Чӣ дар банди зариву ранҷи омол?
Ба ҷамъи мол чун умрат ҳама рафт,
Магар дар гўр хоҳӣ хўрд ин мол!
Хусрави Деҳлавӣ
Гар даромад тавонгаре бар ту,
Баҳри рўзӣ макун ба ў пайванд!
Мумсикиро кафили худ машмор,
Мудбириро худои худ мапсанд!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Соҳиби ҳирсро зи хони карам
Файзи эҳсон намерасад ҳаргиз.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Иззат талабӣ, дил аз хасисон во гир,
Дар сояи шафқати бузургон ҷо гир!
Абдулқодири Бедил
Судхор аз пули худ нон шиканад гар ба масал,
Шиша сандон шиканад, отала дандон шиканад.
На худ хўрам, на кас диҳам,
Сарфа кунам, сагон баранд.
- ТАМАЪ ВА ҒАРАЗ
Зи чизи касон сар бипечед низ,
Ки душман шавад дўст аз баҳри чиз.
Абулқосими Фирдавсӣ
Тавонгар бувад, ҳар киро оз нест,
Хунук он, ки аз оз анбоз нест.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу хурсанд бошӣ, таносон шавӣ,
Чу оз оварӣ, з-ў ҳаросон шавӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Гар озода дорӣ танатро зи ранҷ,
Тани марди беоз беҳтар, ки ганҷ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Нигар, то нагардад ба гирди ту оз,
Ки оз оварад хашму биму ниёз!
Абулқосими Фирдавсӣ
Бихур он чи дорию бешӣ маҷўй,
Ки аз оз коҳад ҳаме обрўй.
Абулқосими Фирдавсӣ
Тавонгар шуд он кас, ки хурсанд гашт,
Аз ў озу темор дар банд гашт.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу бастӣ камар бар дари роҳи оз,
Шавад кори гетит яксар дароз.
Абулқосими Фирдавсӣ
Парастандаи озу ҷўёи кин
Ба гетӣ зи кас нашнавад офарин.
Абулқосими Фирдавсӣ
Дили марди томеъ бувад пур зи дард,
Ба гирди тамаъ, то тавонӣ, магард!
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу донанда мардум шавад озвар,
Ҳаме дониши ў наёяд ба бар.
Абулқосими Фирдавсӣ
Бар он дил, ки аз оз шуд дардманд,
Наёяд-ш панди хирад судманд.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё