Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Хислате нест аз ҳасад бадтар,
Марди ҳосид бувад зи бад бадтар.
Камолиддини Биноӣ
Ҳасадро дар заифӣ саҳл машмор,
Дами ханҷар зи борикист хунхор.
Абдулқодири Бедил
Ҳасуд одами мағрури ҷаҳлу нодон аст,
Ки доимӣ ба дилаш дуди кина печон аст.
Тошхоҷа Асирӣ
Агар ҳасуд набошад, ҷаҳон гулистон аст.
Тошхоҷа Асирӣ
То набошӣ дар ҷаҳон андўҳгин,
Аз ҳасад дар рўзгори кас мабин.
Роҳате набвад ҳасуди шумро,
Козиби бадбахтро набвад вафо.
Ҳасад он ҷо, ки оташ афрўзад,
Хирмани ақлу офият сўзад.
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки «кадом оташ аст,
ки фурўзандаи худро месўзад?» Гуфт: «Ҳасад».
Ҳасуд аз неъмати халқ бахил аст ва бегонаро душман.
Ҳасуд бузургӣ набинад.
Ҳасуд ҳаргиз наёсуд.
15. ХАСИСӢ ВА МУМСИКӢ
Луқма б-андоза хур, эй марди ҳарис,
Гарчи бошад луқма ҳалвою хабис.
Ҷалолиддини Румӣ
Мардаке ғарқ буд дар Ҷайҳун,
Аз Самарқанд буд, пиндорам.
Бонг мекарду зор менолид,
Ки «дареғо кулоҳу дасторам!»
Саъдии Шерозӣ
Дунон нахуранду гўш доранд,
Гўянд: «Умед беҳ, ки хўрда».
Рўзе бинӣ, ба коми душман
Зар мондаву хоксор мурда.
Саъдии Шерозӣ
Бо тиҳичашмон чӣ созад неъмати рўи замин?
Серӣ аз хирман набошад дидаи ғирболро.
Саъдии Шерозӣ
Рўдаи танг ба як нони ҷавин пур гардад,
Неъмати рўи замин пур накунад дидаи танг.
Саъдии Шерозӣ
Ба барфоб раҳмат макун бар хасис,
Чу кардӣ, мукофот бар ях навис!
Саъдии Шерозӣ
Ҳарис ба ҷаҳоне гурусна асту қонеъ ба ноне сер.
Саъдии Шерозӣ
Тангдастонро дасти далерӣ баста ва панҷаи шерӣ шикаста.
Хусрави Деҳлавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё