Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
На зи воҷиб хабар, на аз мумкин,
Дарки инҳош амри номумкин.
Қалби беилм ҳаёте нест,
Қолиби ҷаҳлро саботе нест.
Камолиддини Биноӣ
Дуруштӣ чист? Мижгон нокушудан,
Зи ғафлат душмани таҳқиқ будан.
Ба занг оростан оинаи хеш,
Фурў рафтан ба доғи кинаи хеш.
Абдулқодири Бедил
Бесаводӣ боиси бадбахтии заҳматкашон аст.
Абулқосим Лоҳутӣ
- САБУКӢ
Сари мардумӣ бурдборӣ бувад,
Сабуксар ҳамеша ба хорӣ бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Сабуксор шодӣ намояд нахуст,
Ба фарҷоми кор андуҳ ояд дуруст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳаргиз ба некувӣ нарасад марди сабуксор.
Абулҳасани Фаррухӣ
Кас аз бодсорӣ диловар мабод,
Ки бидҳад сар аз бодсорӣ ба бод.
Асадии Тўсӣ
Ақл дорӣ, майли бадкорӣ макун,
З-ин чу бигзаштӣ, сабуксорӣ макун!
Фаридуддини Аттор
Сабуксар кай кунад андешаи нағз?
Бале, ҷавзи сабукро кай будвад мағз?
Бадриддин Ҳилолӣ
Ба сабуксар нашояд эмин буд,
Ки сабуксар ба сар дарояд зуд.
Ҳар ки оҳанги сабуксорӣ кунад,
Аз вай оби рўй безорӣ кунад.
- МУНОФИҚИВУ ДУРЎҒГЎӢ
Дурўғ арзи озарм камтар кунад,
Вагар рост гўӣ, кӣ бовар кунад?
Абўшакури Балхӣ
Касеро куҷо мағз бошад басе,
Гавожа набояд забон бар касе.
Дурўғозмоӣ набошад зи рой,
Ки аз рой бошад бузургӣ ба ҷой.
Макун дўстӣ бо дурўғозмой,
Ҳамон низ бо марди нопокрой.
Абулқосими Фирдавсӣ
Забонро магардон ба гирди дурўғ,
Чу хоҳӣ, ки тоҷи ту гирад фурўғ.
Забонат хирад боду дастур шарм,
Сухан гуфтанат чарбу овоз нарм.
Абулқосими Фирдавсӣ
Дурўғ он, ки берангу зишт асту хор,
Чи бар пойкору чи бар шаҳриёр.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба гирди дурўғ эч гуна магард,
Чу гардӣ, бувад бахтро рўй зард.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё