Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Чаро мегурехт?
- Инро аз худаш пурсидан даркор.
- Ҳам аз ту, ба фикри ман, - илова намуд Ибронов.
- Ту раиси шӯрои отряд-ку!
Вақте ки занг шуд, муаллим ғайр аз Ҳамиду Розиқ ҳамаро аз синф баровард. Баъд чанд дақиқа ин тарафу он тараф хомӯшона қадам зада, рӯ ба рӯи Ҳамид, ки дар парта менишаст, қарор гирифт. Ифодаи рӯи ӯ ба назари Ҳамид пештара барин хушҳол не, балки қатъӣ намуд. - Ту ягон бор ба хонаи Бастӣ рафта будӣ? - пурсид Ибронов. - Не? Ана, дидӣ, хатои ту дар куҷо! Мебоист, ки ба хонаи онҳо равӣ, сабаби ба дарсҳо наомадани Бастиро фаҳмӣ, бо падару модараш сӯҳбат кунӣ... Ту чӣ? Розиқ чӣ? Ҳеҷ чизро нафаҳмида, ӯро масхара мекунед, таъна медиҳед. Ин чӣ гуфтагиатон - «Амаки Бас-бас, бас-бас!» - Муаллим газетаи девориро кушода, дам ба Ҳамид ва дам ба Розиқ нигоҳ мекард. - Бастӣ тамоми тобистон касал буд, худро нороҳат ҳис мекард. Вақте ки таҳсил сар шуд, баъзан ба дарсҳо омада натавонист. Касе ба назди ӯ рафта, дарсҳоеро, ки муаллимон гузашта буданд, нафаҳмонд. Ҳоло ҳам хуб аст, ки ӯ ҳамин қадар дарсҳои гузаштаро омӯхта «3» мегирифтагӣ шудааст. Ана мебинед, вай якумин аълочӣ мешавад.
Инро гуфту муаллим низ баромада рафт.
Суханҳои ӯ ба Ҳамид сахт таъсир карданд. Вай аз беаҳамиятӣ, бепарвоии худ нисбат ба Бастӣ афсӯс мехӯрд. Вай ба Розиқ фармуд, ки газетаи девориро аз сари нав барорад.
Ба Бастӣ чӣ гӯяд? Чӣ тавр аз вай узр хоҳам? - мепурсид Ҳамид худ аз худ ва ҷавоб ёфта натавониста, дар як ҷо дар паси партааш нишаст.
Бо шунидани садои занг бачаҳо зуд ба синф даромада, ба ҷойҳои худ нишастанд. Акнун Ҳамиду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё