Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Вай ин хабарро аз сар то ба охир хонда баромада, лаҳзае бо диққат ба Розиқ нигоҳ кард ва баъд гуфт:
- Газетаро баъд мегирӣ, ҳоло ба ҷоят рафта шин. Ибронов ҳар бор одатан аввал дарси гузаштаро аз бачаҳо мепурсид, дониши онҳоро месанҷид, баъд ба мавзӯи нав сар мекард. Вай ин дафъа ҳам ҳамин тавр кард: «Чӣ тавр керосин аз об ҷудо ва об аз маҳлули намак озод карда мешавад»?
Чанд кас даст бардоштанд. Дар байни онҳо Бастӣ ҳам буд. Муаллим фармуд, ки ба савол Розиқ ҷавоб диҳад. Розиқ хонандаи аълохон буд ва ба ин савол нағз ҷавоб дод. Баъд муаллим ба Бастӣ фармуд, ки гуфтаҳои Розиқро бо роҳи таҷрибагузаронӣ нишон диҳад. Инро шунида, Розиқ ба Ҳамид чашмак зад: «2» гирифтанаш ногузир аст». Ҳамид ҳам фикр кард: «Албатта!» Аммо дилпурона қадам монда, ба назди асбобҳои таҷрибагузаронӣ рафтани Бастиро дида, ӯ ҳамон лаҳза бо қиёфаи ҷиддӣ ба вай назар афканд. Ана, Бастӣ, қутирдро аз дасти муаллим гирифта, чароғи спиртиро даргиронд. Об дар шишаи на он қадар калони шикампаҳн, ки онро колба меноманд, зуд ба ҷӯш омад. Буғи ҳосилшуда ба боло, бо мили шишагӣ шитофта, баъд ба чакраҳои сард ва соф мубаддал гардид ва аз он ба зарф рехтан гирифт. Муаллим ба Ҳамид рӯ овард.
- Ба фикри ту, чӣ тавр?
- Дуруст, - ҷавоб дод Ҳамид аз ҷояш хеста ва ҷуръат карда, илова намуд: - Ӯро муборакбод кардан мумкин.
Муаллим кифтҳояшро дарҳам кашид: - Бо чӣ?
- Бо ҷавоби дуруст.
- Чаро?
- Пеш чунин ҷавоб намедод... Баъзан аз дарсҳо мегурехт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё