Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

падидор шуда меистод. Вале Кибрӣ «сар раваду сир наравад» гӯён бо ғурур гуфт:

  • Мо тайёр!
    Капитанҳо аз якдигар ҷудо шуда, ба назди бозингарони дастаи худ омаданд, ким-чӣ гуфтанд, баъд саф кашида, дар таҳти садои қарсаки тамошобинон ба майдон давон-давон баромаданд.

Бозӣ сар шуд. Ана тӯб дар пеши пои Кибрӣ. Вай онро бо ҳар мақом бозӣ доронда пеш рафт, бо ҳаракатҳои тез ва чолокона тӯбро дар замин ба ин тарафу он тараф чарх занонда, аввал як бозингар, баъд ду-се бозингари дастаи муқобилро фириб дод. Вале ин ҳоул тӯл накашид. Ризвон, ки дар давидан, эҳтимол, ҳеҷ як бача ба ӯ баробар шуда наметавонад, тӯбро аз пеши пои Кибрӣ зада гирифт ва онро зуд ба бозингари дигар дод. Кибрӣ ҳам ҳамин тавр карда метавонист, вале ба кӣ диҳад? Ба Илёс? Ҳаргиз! Ана, давидани ӯро бинед! Давидан дар куҷо, мисли ғелак ғелида рафта истодааст-е!

Кибрӣ ҳеҷ чизро фаҳмида натавониста, ботааҷҷуб як фурсат беҳаракат хомӯш истод. Чаро онҳо ғалоғула доранд? Магар воқеае рӯй додааст? Ҳа, Ризвон, ана ҳамон Ризвони қоқина, тӯбро аз шарикаш қабул намуда, онро андак баланд бардошта, чунон сахт зада ба дарвозаи онҳо равона кард, ки гол шуданашро касе нафаҳмида монд. Кибрӣ ҳарсангзанон бо қаҳр давида ба назди Меҳтар омад ва ба вай таҳдидомезона бонг зад:

  • Ин чӣ кори кардагиат буд-а?

Баъд аз гол шудан ифодаи чеҳраи Меҳтар ҳам, ки ба назар ҳамеша хушҳол менамуд, тағйир ёфта буд. Бар болои ин, суханҳои тунди Кибрӣ ғазаби ӯро дучанд зиёд кард. Вай чашмони хурдашро бадқаҳрона ба рӯи Кибрӣ дӯхт ва бо як ҳаракати тез гардани кӯтоҳашро пеш ёзонда, гуфт:

  • Мебахшед, гол бо гуноҳи худи шумо шуд. Вай дар ҳамон ҳолати ғазабнок аз «шумо» якбора ба «ту»
пешина
аз 349
навбатӣ