Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданҲИҶОЛАТИ КАПИТАН
Бачаҳо либосҳояшонро кашида, бо эзорҷаю нимтана нав ба майдон баромада буданд, ки овози капитони даста баланд шуд:
- Кӣ гуфт, ки ба майдон бароед-а? Ин чӣ беинтизомӣ? - фарёд мекард Кибрӣ ҳукмфармоёна. - Мехоҳед, ки бозиро бой диҳем?
- Кӣ мехоҳад?- гуфтанд бачаҳо аз ҷойҳояшон наҷунбида. - Кӯшиш мекунем, ки барем-дия!
- Баргардед!!- боз фарёд кард Кибрӣ.
Дарвозабон Меҳтар кулоҳи аз гарди чангу хок чиркин ва пур аз доғшудаашро, ки дар вақти бозӣ барои аз нури офтоб паноҳ намудани чашмонаш хизмат мекард, боз поёнтар - рост ба болои абрувонаш фуроварду зуд-зуд қадам монда, ба назди Кибрӣ рафт. - Чаро баргардетон мегӯӣ? - пурсид Меҳтар.
Кибрӣ даррав ҷавоб надод. Вай ду дасташро ба ақиб бурда, рӯяшро андак ба дигар тараф гардонда, пас аз лаҳзае боз ба Меҳтар ва дигар бозингарон, ки дар ин вақт онҳо ҳам омада, атрофи ӯро печонда гирифта буданд, нигоҳ карда, бо оҳанги мағрурона гуфт: - Ин тавр машқи бетартибона фоида надорад. Бозингарони ҳақиқӣ аввал ҳама ҷамъ мешаванд, баъд бо тартиб ба майдон мебароянд ва ҳар кас бо шарики худаш машқ мекунад.
- Мо кайҳо ҷамъ шудаем. Пас, иҷозат диҳед, рафиқ капитан, сар кунем? - овози писхандомези бозингаре баланд шуд.
- Мо, мо!- гуфт Кибрӣ мазоҳкунандаро барангехта, вале худаш боз бадқаҳртар шуда. - Канӣ ҳама? Канӣ Иззат?
Асабонӣ шуда фарёд кардани Кибрӣ фақат боиси писхандҳои нави бачагон гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё