Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хонданИсроилов гӯё ҳеҷ чизро ҳис намекарда бошад, бепарвоёна ҷавоб дод:
- Шоҳмот бозии хуб, фоиданок... Агар вақт имконият диҳад, бозӣ кардан даркор, - вай ба соат нигоҳ карда, узр пурсиданӣ барин шуд. - Дар як ҷо кори зарур дорам, рафтанам шарт, - ва рафтани шуда, илова кард: - Хуб, ман бозиро гӯё бохтам. Бори дигар дурусттар бозӣ мекунем.
Вақте ки Исроилов баромада рафт, бачаҳо бо як овоз аз Низом пурсиданд:
- Ба муаллим боз чӣ гуфтани будӣ?
- Ислоҳ... албатта худамро ислоҳ мекунам, гуфтани будам, - гуфт Низом ва ҳарисона ҳаворо фурӯ бурда, қоматашро рост кард. Аз ифодаи рӯи ӯ маълум буд, ки акнун худро сабук ва хушҳол ҳис мекунад.
- Ваъдаат қатъӣ? - боз пурсиданд бачаҳо.
Низом аз дасти рафиқонаш гирифта, онҳоро аз берун, ба ҳавои тоза кашола карда, гуфт:
- Қатъӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё