Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Зеро он ҳама нуқтаҳои пандомез, асосан, аз забони калонсолон иброз шудаанд ва аз ин ҷиҳат ба хусусият ва хислати миллии мардуми мо мувофиқ мебошанд. Ҳикояҳои «Ҳиллай Мамлакат», «Чаро Шамсӣ гиря кард?», «Бозии нотамом», «Хатари безарар», «Ҳиҷолати капитан» ва дигарон ба хотири мутобиқати мавзӯъ, иштирокдорони асар ва тасвири бадеии ҷолиби диққат баромадаанд.

Нависанда пас аз ин ба кори эҷодӣ ба таври ҷиддӣ машғул мешавад ва китобу маҷмӯаҳои «Мададгори бобо» (1960), «Одам ва шер» (1971), «Кабутарони сулҳ» (1964), «Меҳри модар» (очерку ҳикояҳо, 1965), «Ҳикояҳо» (1975) ва қиссаи «Таркиши охирин» (1978, бо ҳамқаламии Нарзӣ Одил)-ро пешкаши хонандагон мегардонад. Гумон меравад, ки нависанда на ҳама вақт барои истифодаи пурраи имкониятҳои худ шароит доштааст ва ё як инсони табиатан шикастанафс будан ӯро барои аз буда бештар таълиф намудан ва ба чоп омода кардани осораш боз доштаанд. Ҷойи афсӯс аст, ки чун ӯ худ дар охирҳои умр аз мадди эътибори роҳбарон афтода буд, баъдҳо ҳамон намунаи осори ба нашр расидаи вайро низ дар китобхонаҳо, ҳатто дар маҳзани китоби миллии кишвар — китобхонаи ба номи Фирдавсӣ дарёфт кардан мушкил мебошад. Вале он миқдор, ки дар дастрасӣ қарор доранд, имкон медиҳад то кас дар бораи хасоиси эҷодиёти вай ибрози андеша карда бошад.

Шакли асосии асарҳои Мустафо Шарқӣ ҳикояи хурд аст, ки барои мутолиаи кӯдакону наврасон нигаронида шудааст. Тамоюли асосии ҳамаи навиштаҳои вай аз тасвири хулқу хӯи нек ва тазоҳури он дар амалу андешаи бачагон, тарғиби дӯстии халқҳо, корномаҳои ҷангӣ, эҳтироми бузургсолон (хурдон низ), муҳаббат ба Ватан, табиат ва олами ҳайвонот ва нишон додану мазаммат кардани ҳислатҳои нохуш, бадкирдорӣ, танбалӣ, худнамоӣ ва бетафовутӣ нисбат ба ҳаводиси атроф иборат мебошанд.

пешина
аз 349
навбатӣ