Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

асирони ҳарбӣ кайҳо боз фикр кардаанд ва аҷаб не, чораҳо андешидаанд, лекин ба вай намегӯянд. Шояд дуртар аз ин ҷо партизанҳо роҳи оҳанро тарконда, паровозро аз роҳ боздоранд ва асиронро озод кунанд? Суханони коргари сеюмро маҳз ба ҳамин маъно фаҳмидан мумкин буд. Кӣ медонад, шояд ин фикри ӯ ғалат бошад? Ба ҳар ҳол, Франс камтар ором гардид ва бо коргарони депо хайру хуш карда гуфт:

  • Шумо маро надидед, - ман шуморо.

Пас аз рафтани Андрейкаю Анастасия Андреевна ва ҳалок гардидани Шултс Франс худро одами бе дасту по барин ҳис мекард. Ҳозир вақте буд, ки ҷасурона амал карданро талаб менамуд, вале Франс намедонист маълумотҳои ба даст овардаашро ба воситаи кӣ ба партизанҳо расонад. Фашистон аз истгоҳ қисмҳои асосии худро бароварданд. Дар ин ҷо асосан як қисм гестапочиён ва политсайҳо монда буданд. Таъмири паровозҳо низ ба охир расида истодааст, эҳтимол фардо асиронро ба вагонҳо савор карда, ба ақибгоҳ баранд. Лекин вай инчунин намедонист, ки ташкилоти пинҳонии партия ва гурӯҳи пинҳонии комсомол барои озод кардани асирони ҳарбӣ аллакай ҳамаи чораҳоро андешидаанд. Онҳо ба ҳамин қарор омада буданд, ки агар ҳуҷуми партизанҳо ба истгоҳ дер кашад, эшелони асирони ҳарбиро оромона гуселонида, баъд тахминан бист километр дуртар аз Чернухино роҳи оҳанро метарконанд ва асиронро озод мекунанд. Дар мавриди ҳамин ҳоло ва ё фардо ба истгоҳ зада даромадани партизанҳо онҳо тайёр буданд, ки фавран ба лагери асирони ҳарбӣ ҳуҷум кунанд. Франс инчунин намедонист, ки партизанҳо аллакай Лукашиноро озод кардаанд ва ҳоло ба сӯи Чернухино мешитобанд.

Мувофиқи нақша мебоист, ки отряди Сиворонов ба лагери асирони ҳарбӣ ва отряди Кононенко ба истгоҳ дар як вақт баробар ҳамла кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Партизанҳо бо як ҳамла нуқтаҳои оташфишонии

пешина
аз 349
навбатӣ