Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Оре, рафиқ командир, - гуфт Андрейка, - хусусан Франс, ки коммунист аст.

Дар ҳақиқат Франс оромиро аз даст дода буд. Ба вай маълум гардид, ки фашистон дар тараддуди ба эшелонҳо бор карда ба ақибгоҳ бурдани асирони ҳарбианд, агар ин кор ба онҳо муяссар нашавад, он гоҳ асиронро аз яксар тирборон мекунанд. Вай ба Шултс маслиҳат дод, ки ба хонаи Анастасия Андреевна рафта рацияро ба кор дарорад ва партизанҳоро аз ин нияти фашистон огоҳ намояд.

Шултс ҳам ба гапи Франс гӯш дода, ба хонаи Анастасия Андреевна омад ва рацияро аз ҷои пинҳон кардааш бароварда, ба кор даровард ва ҳар қадар «Ман Шултс... аз Чернухино... ман Шултс...» гӯяд ҳам, аз рацияи партизанҳо ҷавоб намегирифт. Дар ҳамин вақт ба ҳавлӣ гестапочиён зада даромаданд ва ӯ ҳатто фурсат наёфт, ки гӯшакро аз сараш гирад ва мавқеи хубе интихоб намуда, аз автомат ба душманон оташ кушояд. Вайро дар ҷояш парронданд. Франс аз шунидани ин хабар хеле ғамгин гардида, танҳо як худаш чӣ карданашро надониста, азоби рӯҳӣ мекашид, беист фикр мекард. Вай дар рӯзҳои охир ду маротиба дар депо навбатчӣ шуда буд. Ҳангоми навбатчӣ буданаш ҳар қадар кӯшиш карда бошад ҳам, дили коргарони депоро ёфта натавонист: онҳо ба Франс бовар накарда, худро аз вай дур гирифтанд. Пас аз марги Шултс вай пинҳонӣ аз гестапочиён ба депо рафт ва панҷ-шаш нафар коргаронеро, ки дар он ҷо буданд, ба гӯшае гирифта бурд.

  • Ман илоҷи дигаре ёфта натавонистам, ғайри он ки назди шумо оям ва, хоҳ бовар кунеду хоҳ не, ҳақиқатро ошкоро гӯям, - сар кард Франс. - Шарикам буд, аз немисҳои худамон. Ҳангоми ба воситаи рация бо партизанҳо алоқа карданаш гестапочиён ӯро ошкор карданд ва дар ҷояш парронданд.
пешина
аз 349
навбатӣ