Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман намедонам, ки ба ту чӣ маъқул мешуда бошад? - маломат кард усто Нодир ва нохост пурсид:
  • Дар хондан чӣ хел? Ҳамин хел ту бесабру тоқати?
    Шамсӣ чизе нагуӯфту китобдонашро гирифта, ба мактаб, ки дар басти дуввум мехонд, баромада рафт.
    Имрӯз навбатчии синфи чорум Шамсӣ буд. Вай то дарси охирин суханҳои муаллимро нағз гӯш карда, дар танаффӯсҳо тахтаро бо латтаи тар пок намуд ва ҳар замон рафиқонашро ба риоя кардани тозагӣ даъват карда истод. Аммо Шамсӣ дар охирин соат дилтанг шуд, сабру тоқатро аз даст дод. Вай сарашро аз рӯи дафтар бардошта, аз тиреза ба берун назар афканд: ҳаво соф ва беғубор буд, дар доманаи кӯҳе, ки деҳаро ҳалқавор аз чор атроф иҳота карда буд, сабза дамида, бузголачаҳои тезпо чарида мегаштанд.
    Баногоҳ садои мошин ба гӯш расид. «Эҳтимол Маннон амак бошанд», - фикр кард Шамсӣ ва нимхез шуда, ба кӯча назар кард.
    Аз тарафи идораи колхоз «ЗИМ» намудор шуд, дар паси чамбараки мошин ҷавони гандумгун ва чорпаҳлуе нишаста буд. «Маннон амак будаанд, - гуфт Шамсӣ худ ба худ. - Ба мошин савор карда, ба ноҳия мебарам, гуфта буданд... Эҳ, агар ҳозир дарс намебуд...»
  • Шамсӣ! - шунида шуд овози муаллим.
    Шамсӣ нишаст, вале акнун вай дар бораи чӣ хел ҳал кардани масъала не, балки дар бораи он ки мошини «ЗИМ» чизи хуб аст ва кас дар он роҳат карда меравад, фикр мекард.
    Вақте ки дарс тамом шуду ҳама ба сӯи хонаҳояшон равон шуданд, ҳамсинфаш Ҳошим - бачаи ҷингиламӯи чашмкалон ба Шамсӣ расида гирифта, гуфт:
  • Медонӣ, ман чӣ шунидам, муаллим Қодирзода ба роҳбари отряд гуфтанд, ки Шамсӣ дарсҳоро гӯш намекунад ва донишаш суст шуда истодааст.
пешина
аз 349
навбатӣ