Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Ҷусусони маккор дар сару либоси гадоён, савдогарон, коргарони соҳаҳои гуногун... Аъзоёни гурӯҳи пинҳонӣ ҳам бо ҳар кас алоқа намекунанд: аз онҳо гап гирифтан ва пинҳонкор буданашонро донистан амри маҳол мегӯянд.
- Ин... нав не.
- Оре. Бояд ҳамин хел ҳам бошад.
- Пас ба чӣ хулоса омадед: ба Кадиевка равем?
Кононенко рост ба чашмони Маруся нигариста гуфт: - Бале, бирав. Боварӣ дорам, ки ту аз уҳдаи ин кор мебароӣ.
- Кӯшиш мекунам. Албатта!
Дари заминкан нимроғ ва аз паси он овози Андрейка шунида шуд: «Мумкин?».
Кононенко аз ҷо ҷаҳида хеста, Марусяро, ки дар бехи девор дар курсӣ менишаст, аз китфонаш дошта ба по шинонд ва зуд палтои ҷармини худро ба рӯи вай партофта паноҳ кард, баъд боз ба ҷояш нишаста ким-чӣ хел коғазҳоро варақ задан гирифт.
Дар васеътар кушода шуда, сари Андрейка намудор гардид. - Мумкин, рафиқ командир?
- Даро, Андрейка, даро, - гуфт Кононенко аз ҷо хеста ва даст дароз карда, бо вай вохӯрӣ кард. - Хӯш?
Андрейка заминканро аз назар гузаронида, китфонашро дарҳам кашид. - Василий амак гуфтанд, ки «Маруся омад, ҳозир дар назди командир». Охир чанд вақт шуд, ки ман ӯро надидам.
- Пазмон шудӣ? Андрейка ҷавоб надод ва қафо гашта, аз дар баромадан мехост, ки Кононенко ӯро нигоҳ дошт.
- Марусяро ёфта диҳам? - пурсид Кононенко хандида.
- Худам меёбам, рафиқ командир, - гуфт Андрейка ва сабаби бозавқ хандидани Кононенкоро нафаҳмида

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо