Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
осон не, чунки либосаш тар ва вазнин, худаш аз роҳ рафтан хеле хаста шуда буд. Қарибии субҳдам Андрейка кампирро дар бехи дарахте шинонда, як даста шоха ҷамъ кард ва гулхан афрӯхт.
- Гарм шавед, - гуфт Андрейка ба кампир, - камтар дам мегирем, нону равған мехӯрем ва боз роҳамонро давом медиҳем. Ба фикрам... - вай ногоҳ аз дур дуди борикеро дида суханашро қатъ кард ва ҷаҳида аз ҷо хест. - Бубинед, Анастасия Андреевна, - хурсандона фарёд кард Андрейка, - аз мӯрие дуд мебарояд. Ҳа ана!
Андрейка ба он тараф давид. Дар майдончаи на он қадар калоне кулбаи чӯбине ба назар менамуд. Чил-панҷоҳ метр роҳ монда буд, ки Андрейка гӯё худашро маълум карданӣ шуда, сахт сулфид. Ҳамин дам саге аккосзанон баромада, сӯи Андрейка давид. Овози сагро шунида аз кулба пиразане баромад ва Андрейкаро дида наздаш омад.
-
Дар ин хунукӣ қаҳратун аз куҷо омадӣ? - пурсид кампир.
-
Аз деҳаи Лозовой, - гуфт Андрейка.
-
Аз деҳаи Лозовой?
-
Бале.
-
Чӣ ном дорӣ?
-
Андрейка.
-
Ба куҷо меравӣ?
-
Ба маркази ноҳияи Лиман, холаҷон.
-
Роҳи Лиман тамоман дар дигар тараф-ку?
-
Намедонам, холаҷон, шабона раҳгум зада ба беша даромада мондем. Тамоми шаб роҳ гаштем.
-
Биё, писарам, ба кулба даро, аз хунукӣ ларзида истодаӣ, - гуфт Евдокия Осиповна. Андрейка ҷуръат намекард. Евдокия Осиповна боз такрор кард: - Ба кулба даромада гарм шав, мегӯям, даро!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо