Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Кононенко:

  • Дуруст фикр кардӣ, Генрихро, ки ба ин ҷо овардем, ноилоҷ ҳама сирру асрорро ба мо гуфта медиҳад.
    Антонов:
  • Иҷозат диҳед, ба амалиёт худам роҳбарӣ кунам.
    Кононенко:
  • Бале, худат роҳбарӣ мекунӣ, лекин оё медонӣ, ки Генрих кадом вақт ба деҳа меояд?
    Антонов:
  • Франс аниқ нагуфтааст, вале гумон дорад, ки ё нисфирӯзӣ, ё ки бегоҳӣ ба деҳа меояд.
    Кононенко:
  • Чаро пагоҳӣ не?
    Антонов:
  • Имрӯз Генрих барои овардани асирони ҳарбӣ ба Первомайск рафтааст ва пагоҳ то нисфирӯзӣ ба Чернухино бармегаштааст.
    Кононенко:
  • Ҳ-а-а, акнун фашистон серкор шудаанд, чи тавре ки ба немисҳо хос аст, ягон дақиқаро беҳуда намегузаронанд. Бигузор. Лекин ту бо одамонат субҳ надамида ба Лукашино даро ва бо арбоб Харитон-амак гапро як карда, ҷавонмардонатро дар ҷои бехавф дар камин гузор. Он тарафашро худат мебинӣ, ба вазъият нигоҳ карда амал мекунӣ. Фаҳмидӣ?
    Антонов:
  • Фаҳмидам.
    Антонов аз заминкан баромад, Кононенко худаш танҳо монда, боз ғарқи фикру хаёл гардид. Вай дар бадали чанд рӯз танҳо акнун аҳли оилаашро ба хотир овард. Занашро ҳамроҳи духтару писараш ба ақибгоҳ фиристода буд. Ҳозир дар кадом шаҳр бошанд? Духтарчааш Зина нав дусола ва роҳ мерафтагӣ шуда буд, писараш Миша бошад, калонакак чордаҳсола шуд ва албатта дар ҳар кор ба модараш ёрӣ медиҳад: вай
пешина
аз 349
навбатӣ