Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

VII

Имрӯз Кононенко худро хеле осуда ҳис мекард. Мумкин аз он сабаб буд, ки дина қариб ҳеҷ даву тоз накарда, тамоми рӯзро дар қароргоҳи отряд гузаронид ва шаб хуб хоб кард. Вай умуман аз амалиётҳое, ки партизанҳо дар рӯзҳои охир гузарониданд, қаноатманд буд. Роҳбарияти штаби иттиҳодияи партизанҳо дар истгоҳи Чернухино ба кор даровардани рация ва дар он ҷо пурзӯр намудани амалиётҳо маъқул дониста, ба вай офарин гуфтанд ва фармуданд, ки рӯйхати партизанҳои дар амалиёти охирин шуҷоат нишондодаро ба мукофот пешниҳод намояд. Вай ба фикр фурӯ рафта, симои партизанҳоро як-як пеши назар меовард. «Сардори гурӯҳи разведкачиёни отряд Василий Антоновро ҳар қадар таъриф кунед ҳам, меарзад: одами ҷасур, кордон ва нисбат ба дигарон ғамхор, - мегуфт Кононенко ба худаш. - Қанд занад Андрейка! Ниҳоят Франсу Шултсро бо якдигар вохӯронида, маълумотҳои онҳоро ба воситаи рация дар вақташ ба мо мерасонад. Ана бачаи камгапу назарногир! Маруся чӣ? Хато карданашро фаҳмида, ба ислоҳи он кӯшиш дорад. Бечора Анастасия Андреевна ҳам ба синну солаш нигоҳ накарда, ба ҳар тараф даву геҷ дорад. Акнун ба кампир ҳар хел кор фармуда, ӯро азоб надиҳанд, бигузор вай бештар дар хонааш бошад, дам гирад ва танҳо дар мавриди басе зарур ба иҷрои супориш ба шаҳр барояд...»

Ба заминкан Василий Антонов даромад.

Кононенко:

  • Хӯш?

Антонов:

  • Хабари нав.

Кононенко:

пешина
аз 349
навбатӣ