Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ростӣ хурсандии Маруся ҳад надошт. Охир, агар Генриҳро намеёфт ва ҳангоми Андрейкаю Анастасия Андреевнаро бо якдигар рӯ ба рӯ кардан сохтакории партизанҳо ошкор мегардид, он гоҳ тақдири онҳо чӣ мешуд? Супориш-чӣ? Магар ин бомуваффақиятиро партизанҳо авф мекарданд? Албатта не! Маруся ба хонаи Генриҳ омада, осонакак гуфта тухмбирён пухту омадани ӯро бесаброна интизор шуд.

Соате нагузашта Генриҳ писарбачаро рост ба хонааш гирифта овард. Андрейка Марусяро дида хурсанд шуд. Генриҳ саросема нашуда, хӯрок хӯрд, баъд ба комендатура баргаштагӣ шуда, суроғаи Анастасия Андреевна Кузнетсоваро ба Маруся дода гуфт, ки метавонад бо писарча ҳамроҳ равад. Вай инчунин гуфт, ки бо супориши комендант имрӯз барои ба ин ҷо овардани асирони ҳарбӣ ба Кадиевка меравад ва кай аз он ҷо бармегардад, маълум нест.

Баъд аз рафтани Генриҳ Марусяю Андрейка ба кӯча баромаданд. Онҳо аз паскӯчаи паси ҳавлӣ гузашта, ба тарафи кӯчаи Спортивная раҳсипор шуданд. Дар кӯча патрулҳои немис гаштугузор мекарданд. Онҳо Марусяро дида, бо ишораи сар «Гудбай, фрау Марус» мегуфтанд. Маруся лабханд карда, бо ишораи даст бо онҳо хайру хуш мекард. Дар хамгашти чорраҳа боз ба чор нафар сарбозони немис вохӯрданд. Ҳамин ки Маруся ба онҳо наздик шуд, яке аз онҳо бо ишораи даст онҳоро боздошт ва рухсатномаҳошонро аз назар гузаронд ва ба шарикаш фаҳмонд, ки «Фрау Марус зани ҷонишини комендант Генриҳ аст». Онҳо «Гут, фрау гут», гуфта ба Марусяю Андрейка роҳ доданд.

Марусяю Андрейка ба рақамҳои росту чапи ҳавлҳо нигоҳ карда мерафтанд. Пас аз муддате онҳо ба сари роҳрави ҳавлии рақами 36 расида, ба атроф назар карданд. Дар тарафи муқобил ду-се нафар писарбаҷаҳои

пешина
аз 349
навбатӣ