Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
фаромада, гирду атрофи самолётро давр зада баромаданд. Хеле дуртар аз самолёт парашют дар рӯи замин паҳну парешон буду худи сарнишин наменамуд. Андрейкаю Маруся диданд, ки се нафар фашист ба тарафи чап ва се нафари дигар ба тарафи рост шитобида, аз паи кофтукови сарнишини шӯравӣ шуданд, як нафар фашист дар назди мотосиклҳо меистод.
Андрейкаю Маруся дар паси буттае паноҳ шуда, сӯи чакалакзори начандон калоне, ки дар он тарафи пастхамӣ буд, назар карданд. Бале, сарнишин дар он чакалакзор пинҳон буд. Фашистон ба канори чакалакзор расида, аз автоматҳои худ як навбат тир холӣ карданд. Дар ин вақт боз мотосикле омада истод ва аз он ду немис бо саге фаромаданд. Онҳо ба саг парашютро нишон доданд. Саг онро бӯ карда, бо роҳи изи пои сарнишин сӯи чакалакзор давид. Аз паси саг фашистон низ давида мерафтанд. Ҳамин ки саг ва фашистон ба чакалакзор даромаданд, садои тирпарронӣ аз автоматҳо баланд шуд...
-
Аз афташ, сарнишин таслим шудан намехоҳад ва ба фашистон муқобилият мекунад, - гуфт Маруся.
-
Ту ҳам гап задӣ! - гуфт Андрейка бо заҳрханда, - Магар ба душман таслим мешаванд? Не, ин аз рӯи одати одамони мо не.
Тирпарронии дутарафа як ним соат давом кард. Баъд садои таркиши граната баланд гардида, дигар овози тирпарронӣ аз автоматҳо шунида нашуд. Фашистон аз чакалакзор бесарнишин ва бе саг баромаданд. Маълум буд, ки сарнишин сагро парронда, баъд худашро бо граната таркондааст.
Андрейкаю Маруся бе зарар ба Чернухино расиданд. Роҳ рост ба вокзал мебурд. Пеш аз ба истгоҳ дохил шудан патрулҳо ҳуҷҷати Маруся ва Андрейкаро тафтиш карданд. Чи тавре дар боло гуфтем, Маруся рухсатномаи доимӣ ва Андрейка рухсатномаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо