Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Верахола аз хонаи Нина Семёновна баромада, назди одамон рафт ва тарафи арбобро гирифта гуфт:

  • Чаро мағал доред? Чӣ, фақат як гову хуки шуморо бурданд? Охир дар деҳа ягон хонае нест, ки ягон чизашро нагирифта бошанд. Шукр кунед, ки худамон сиҳат саломат ҳастем. Магар аз воқеаи деҳани Боровская бехабаред? Деҳаро оташ задаанд, мардумашро хурду калон нагуфта паррондаанд...

Соҳибони гову хукҳо гур-гуркунон пароканда шуданд. Сонӣ Верахола ба гӯши арбоб ким-чӣ гуфта ба хонааш омад ва дари таҳхонаро кушода, фарёд кард:

  • Андрейка, баро! Лаънатиҳо рафтанд. Андрейка тарсидаю ларзида аз таҳхона баромад ва ба тарафи полиз гурехтанӣ шуд, ки ба ин Верахола роҳ надод.
  • Андрейка, куҷо? Ист! - Овози қатъии Верахола ӯро боздошт. - Куҷо меравӣ?
  • Ба назди партизанҳо!
  • Ту роҳро гум мекунӣ, онҳо худашон омада, туро мебаранд.
  • Чӣ, худи партизанҳо меоянд?
  • Ҳа, худашон, - ҷавоб дод Верахола. - Охир онҳо туро аз беша ёфта, ба ин ҷо оварда буданд.
  • Партизанҳо?
  • Ҳа, партизанҳо. Нимҷон будӣ.

Андрейка ба фикр фурӯ рафта, рӯзҳои мудҳиши аз сар гузаронида, модару хоҳарчаҳояшро ба ёд оварда гиря кард. Верахола аз дасти Андрейка гирифта, ӯро ба хона даровард, тасалло дод.

  • Дар байни партизанҳо марди ланг ҳам буд?
  • Не, - гуфт Верахола. - Чӣ буд?
  • Охир падарам ланг аст, вай ҳам партизан-ку.
  • Эҳтимол дар лагери партизанҳо бошад, - гуфт Верахола. - Он ҷо ки рафтӣ, суроқ карда меёбӣ.

Андрейка боз чанд рӯз дар хонаи Верахола истода, баъд ҳамроҳи онҳое, ки ӯро дар беша нимҷон ёфта, ба ин ҷо оварда буданд, ба қароргоҳи партизанҳо омад.

пешина
аз 349
навбатӣ